Бо чунин ном санаи 20 марти соли 2025 бо ташаббуси факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар партави ҳидоятҳои саодатбахш, омӯзаҳои хирадбунёд, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ конференсияи донишгоҳии илмӣ-амалӣ бахшида ба бузургдошти 1160-солагии мутафаккири барҷастаи форсу тоҷик Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ, 80-солагии Донишгоҳ, амалигардонии нишондоди Нақшаҳои чорабиниҳои Вазорат оид ба иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025», “Дар бораи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” бо иштироки ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, аҳли раёсат, намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ, ҳайати устодону донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.
Кори конфронс бо баргузории маросими ифтитоҳи озмоишгоҳи химиявии “Химияи аналитикӣ” ва синфхонаи компютерӣ дар факултети химия ва биология оғоз ёфта, дар толори фарҳангии №2-и муассиса идома кард.
Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани муқаддамотии конфронс ифтитоҳи озмоишгоҳ ва синфхонаи компютериро пайки Наврӯзи оламафрӯз ва туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашнҳо арзёбӣ намуд. Дар зимн таъкид кард, ки амалигардонии ниятҳои неку созанда ва дар амал татбиқ намудани вазифагузориҳои мушаххасу роҳнамоикунанда, бо омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқамон, ҷойгоҳ ва нақши фарзандони фарзонаи миллат дар таъриху тамаддуни башарӣ судбахшу ифтихорафзо хоҳад буд. Аз пешгуфтори шоҳасари Пешвои муаззами миллат “Чеҳраҳои мондагор” чун паёми роҳнамову машъали хирадафзоӣ маълум аст, “Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд”. Ҳамоиши имрӯзии мо низ бо ҳамин мақсадҳои неку созанда ба истиқболи санаҳои муҳим таҳти унвони «Закариёи Розӣ-эҳёгари илми кимиё ва тиб» бахшида ба бузургдошти 1160-солагии мутафаккири барҷастаи форсу тоҷик Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ доир гардида истодааст.
Дар идома тибқи барномаи конфронс Холиқов Сафар, номзади илмҳои химия, дотсент, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти мутафаккири форсу тоҷик Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ”, Ёрмадов Рустам, омӯзгори кафедраи химия ва методикаи таълими он доир ба мавзуи “Саҳм ва мақоми Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар рушди илми кимиё ва тиб”, Дилнозаи Нурулло, донишҷӯи курси сеюми факултети химия ва биология дар мавзуи “Осори гаронбаҳои Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ” маърӯзаҳои ҷолиби диққатро ироа доштанд. Ҳамчунин дар бахши дигар донишҷӯён қиссаҳои ҷолиби химиявиро ба самъи ҳозирин расониданд.
Гуфта шуд, ки тибқи нишондоди сарчашмаҳои муътамад ва маъхазҳои дастрас Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ аз мутафаккирони машҳури форсу тоҷик, ки дар фалсафа ҳамчун саромади равиши хирадгаройӣ ва мубаллиғи ҷаҳонбинии илмӣ буда, дар илми тиб номбардору аз хатари парокандагию фаромӯшӣ эмин нигоҳдорандаи он эътироф гардидааст. Ба хизматҳои ӯ дар пешрафти илму фарҳанги башарият аз ҷониби муҳаққиқони гуногун баҳои арзанда дода шудааст. Муаррихи маъруф Ҷорҷ Сартон нимаи дуюми садаи сеюми ҳиҷрии қамариро ҳамчун «Асри Муҳаммад Закариёи Розӣ» номгузорӣ намудааст. Чунин арзёбиро Розӣ тавассути осори гаронбаҳояш дар фалсафа, илмҳои тиб, физика, химия ва ғайра мушарраф гардидааст. Ному насаби ин марди хирадманд берун аз сарзамини аҷдодияш дар шакли таҳрифшудаи Абубатер Разес (Abubater Razes) тавассути тарҷумаи осораш маълуму маъруф гашта буд. Номгӯи осори Розӣ тибқи маълумоти худаш ва дигар сарчашмаҳо тахминан 200 адад дониста шуда, соҳаҳои гуногуни илмро дарбар мегиранд.
Ҳамин тавр, дар интиҳо изҳори умед карда шуд, ки ҳамоиши имрӯза натиҷаи таҳқиқоту пажуҳиш, хулосаҳои илмиву масъалагузориҳои устодону муҳаққиқон ба шинохти таърих, ҳикмату фарҳанги оламгир, корномаи безавол ва мақоми ҷаҳонии мутафаккир мусоидат хоҳад кард.
Амируллозода Ҷаҳонгир,
маркази матбуот