19.03.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки ҳайати васеи меҳмонон, аз ҷумла фаъолону собиқадорони шаҳр ва устодону донишҷӯён доир шуд.
Ректори Донишгоҳ, профеесор Раҳмон Дилшод Сафарбек бо ҳайати меҳмонону устодон дар ибтидо аз наврӯзгоҳи муассиса, ки дар саҳни бинои маъмурӣ донишҷӯёни ҳар як факулта хони идона ороста, ҷашни Наврӯзро пайвандгари насли имрӯз бо расми арзишҳои миллӣ, меҳру садоқат ва анъанаи ниёгон маънидод намуданд, дидан карданд. Дар хони наврӯзии факултетҳо риояи расму оинҳо, густурдани хони ҳафтсину ҳафтшин, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, омода сохтани таомҳои миллӣ ба истиқболи Наврӯз як рукни асосии ин ҷашни ниёгон буд.
Баъд аз тамошои хони идона ва дастовардҳои факултетҳо қисмати тантанавии чорабинӣ оғоз гардид. Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани шодбошӣ ташрифи меҳмонони арҷманд ва азизу муҳтарамро ба наврӯзгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ самимона хайрамақдам гуфта, ҳозирин ва мардуми кишвари азизу маҳбубамон- Тоҷикистони соҳибистиқлолро, аз номи раёсати донишгоҳ ба ифтихори куҳантарину бузургтарин ҷашни миллӣ, дастоварди беназири фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ, муждаи баҳору сарсабзии табиат – Наврӯзи байналмилалӣ табрику шодбош гуфта, ба ҳамагон сиҳатии бардавом, сарбаландии мудом, рӯзгори ободу хуррам ва дар фаъолияти касбӣ, илмию таълимӣ иқболи накуву комёбиҳои рӯзафзун таманно намуданд.
Шарти шукргузории мудом ва шоистаи сарафрозиҳо дониста шуд, ки мардуми сарбаланду тамаддунофари Тоҷикистон яке аз бузургтарину куҳантарин ҷашнвораҳои миллӣ, яъне Наврӯзи оламафрӯзро дар фазои сулҳу осоиштагии кишвар ва истиқбол аз панҷумин ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Таъкид гардид, ки аз ҷониби СММ эълон шудани 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, дар пасманзари Иди Наврӯз беҳикмат набуда, нишон ва гувоҳи арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ ба фарҳанг, таърих, осори ниёгони мардуми тоҷик, махсусан ташаббусҳои Пешвои муаззаму хирадрой, эҳёгару ҳомии расму оинҳои миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Наврӯз, воқеан ҳам аз муборактарину фархундатарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстонаи хеш – дӯстиву рафоқат, ҳамкориву ҳамбастагӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои фаровони табиат мардумро гирди ҳам меорад. Он ҳамчун шоҳпуле аз қаъри асрҳо гузашта, ормону омоли ниёгон ва ҳадафҳои наҷиби созандагии имрӯзу ояндаи моро ба ҳам мепайвандад ва чун муждаи рӯзи нав симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ ва суннатҳои деринаи халқи тоҷикро бо арзишҳои волои умумибашарӣ ҳамоҳанг месозад.
Сипас, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ба сухан баромада, ҳозиринро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ин ҷашн, ки пайвандгари инсон бо табиат аст, табрику таҳният гуфта, бо таваҷҷуҳ ба таъкидоти Пешвои муаззами миллат ишора намуданд, ки ба таъкиди барҳақи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Нуктаи муҳимтарин дар таърихи пайдоиш ва паҳншавии Наврӯз ин аст, ки фалсафа, ҳикмат ва мантиқи он ба ягон дин ё мазҳаб робитае надорад ва оини сирф мардумӣ, баробар ба ҳама, ҷашни бузургдошти табиат ва киштукор, яъне саршавии сол мебошад”.
Зимнан дар ҳошияи таҷлил аз Наврӯзи оламафрӯз дар донишгоҳ як қатор озмунҳо, аз ҷумла “Факултети сол”, “Олими сол”, “Кафедраи сол”, “Омӯзгори сол”, “Куратори сол”, “Донишҷӯи сол”, “Варзишгари сол” натиҷагирӣ карда шуда, ғолибони озмунҳои мазкур дар вазъияти тантанавӣ бо тӯҳфаҳо ва маблағҳои пулии таъсиснамудаи раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон чанде аз устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаи таъсиснамудаи кумитаи тадорукот, ҷиҳати фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои назаррас қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳ ва ҳунармандони кишвар Лоиқ Холоф, Фирдавс Ҳошимов дастагуле аз савту наво пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки базмгоҳи наврӯзро хотирмону фараҳафзо гардонид.
Ҳайати устодону донишҷӯёни муассиса чун рамзи эҳтиром ба суннатҳои ниёкони миллати тамаддунофари тоҷик ва амалӣ намудани рукнҳои Наврӯз бо ташкили маҳфилҳои идона ин ҷашнро бо рӯҳияи ифтихормандӣ аз сулҳу суботи Ватан пешвоз гарифтанд.
Тошматов Умарҷон
“Анвори дониш”