Имрӯз, 17.03.2025 дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Мо — варзишгарон парчамбардори миллатем!”-и назди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он бо иштироки мудири кафедра, роҳбари маҳфил, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст, мудири кафедра Султонзода Исмоил баромад намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар чунин маҳфилҳо бештар иштирок намуда, донишу малакаи худро сайқал диҳанд ва саҳми худро дар рушди маърифатӣ ва фарҳангии ҷомеа гузоранд.
Сипас, роҳбари маҳфил Бозоров Зиёвуддин оид ба пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуда, дар бораи мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил маълумот доданд.
Дар идома, Ҳамидзода Муҳаммад — донишҷӯи курси 3-ми факултет дар мавзуи «Эҳёи бозиҳои муосири олимпӣ” ва Эшназарова Зуҳро — донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши тоҷикон дар ҷомеаи феодалӣ” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Дар охир миёни иштирокдорон ва баромадкунандагон оид ба мавзуъҳои зикргардида саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира баргузор гардид.