Санаи 15.03.2025 Ҳаёзода Қиёмуддин Амонулло — муаллими калони кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ диссертатсияи илмии худро дар мавзуи «Самтҳои таъмини устувории фаъолияти бонкҳо дар шароити норасоии захираҳои молиявӣ”, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Каримов Баҳодур Ҳасанович, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050900 – Молия (6D050901 – Молия, муомилоти пул ва қарз) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-003 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва роҳбари илмияшро барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барору музаффариятҳои нав ба нав таманно менамоянд.