Нест бартар ошён аз ошёни дӯстӣ,
Ин замин дорад шино бар осмони дӯстӣ.
Ҳар камоне дар ҷаҳон як ранг дорад – ранги марг,
Ҳафт ранги зиндагӣ – рангинкамони дӯстӣ.
Ҳамзабонон садзабон гарданд аз як ҳарфи ҷанг,
Гуфтугӯ дорад ҷаҳон бо як забони дӯстӣ.
Қаҳрамони ҷанг дар насли башар бисёр ҳаст,
Ормони халқ бошад қаҳрамони дӯстӣ.
Чун Сиёвуш дар дили оташ супорад имтиҳон,
Он ки охир мешавад соҳибқирони дӯстӣ.
Хандаи гул, тобиши хуршед, ҷавлони насим,
Зиндагӣ сад ранг бинмояд нишони дӯстӣ.
Бо тани хокӣ чу шуд ҷони самовӣ ошно,
Одамиро зинда медорад равони дӯстӣ.
Рустам Ваҳҳобзода