Home ХАБАР МИЗИ МУДАВВАР: НАҚШИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДАР ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ БОЛАЁҚАТ

МИЗИ МУДАВВАР: НАҚШИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДАР ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ БОЛАЁҚАТ

by admin
17 views
Имрӯз (14.03.2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи адабиёти тоҷик мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таёр намудани кадрҳои болаёқат” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик Шамшоди Ҷамшед, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Холиқова Зайналбӣ, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина ва ҳайати омӯзгорону донишҷуёнии кафедра иштирок доштанд.
Сараввал декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад баромад намуда, иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз марказҳои муҳими таълимӣ ва илмии Тоҷикистон мебошад, ки дар омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми назаррас дорад. Бо доштани таърихи бой ва таҷрибаи чандинсола, донишгоҳ муҳити таълимии замонавӣ фароҳам овардааст, ки дар он донишҷӯён на танҳо донишҳои назариявиро аз худ мекунанд, балки малакаҳои амалӣ низ меомӯзанд. Барномаҳои таълимии донишгоҳ ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонида шуда, хатмкардагон имкони фаъолияти касбӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илм, маориф, иқтисодиёт ва идоракуниро пайдо мекунанд. Ҳамзамон, донишгоҳ бо таҳкими ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои таълимии дохилӣ ва хориҷӣ, барои донишҷӯён имкониятҳои бештар барои такмили ихтисос ва таҳқиқот фароҳам меорад.
Дар идома номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шамшоди Ҷамшед дар мавзуи “Донишгоҳӣ давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ махзани илму маърифат” ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирзоева Маҳтовбӣ дар мавзуи “Нақши кафедраи адабиёти тоҷик дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Маърӯзакунандагон иброз доштанд, ки муассисаи таълимӣ бо доштани устодони соҳибтахассус, лабораторияҳои муҷаҳҳаз ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ заминаи устувор барои рушди зеҳнии ҷавонон фароҳам овардааст. Донишгоҳ на танҳо ба сатҳи таълим, балки ба тарбияи шахсият ва баланд бардоштани маърифати иҷтимоии донишҷӯён низ таваҷҷӯҳ мекунад. Бо ташкили чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, донишҷӯёнро ба муҳити фаъол ҷалб намуда, дар ташаккули наслҳои босавод, ватандӯст ва масъулиятшинос саҳм мегузорад. Ҳар сол садҳо мутахассиси ин донишгоҳ вориди бозори меҳнат мегарданд, ки бо дониши мукаммал ва малакаҳои зарурӣ дар рушди ҷомеа ва иқтисоди кишвар нақши муҳим мебозанд.
Дар бахши музокирот дотсенти кафедра Холиқова Зайналбӣ, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина вобаста ба мавзуи болозикр ибрози андеша намуданд.

Related Articles

Leave a Comment