Дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки бо хирад ва дурандешии худ сарнавишти давлатро ба самти сулҳу субот ва рушду пешрафт ҳидоят мекунанд. Барои миллати тоҷик чунин шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Вақте ки Тоҷикистон солҳои 90-ум дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт ва хатари парокандагии давлат вуҷуд дошт, маҳз бо талошҳои Пешвои миллат оташи низоъ хомӯш ва сулҳ таъмин гардид. Он замон ба назар мерасид, ки дӯстиву ваҳдат дигар барқарор нахоҳад шуд, аммо бо хиради азалии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист миллати тоҷикро сарҷамъ намояд ва боварии гумшударо барқарор созад.
Ҳамон таҷрибаи таърихӣ имрӯз низ барои таҳкими равобити дӯстона бо ҳамсоякишвари мо – Қирғизистон, истифода гардид. Дар вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки дар фазои самимият ва эҳтироми тарафайн баргузор шуд, масъалаҳои муҳими дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин мулоқот собит сохт, ки роҳбарияти ҳар ду кишвар барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ талош мекунанд.
Имзои санадҳои муҳим дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг ва амният қадами бузургест дар роҳи тақвияти равобити ду кишвар. Ин на танҳо роҳи ҳалли мушкилоти гузашта, балки оғози як давраи нави ҳамкорӣ ва рушди устувор мебошад.
Муносибати дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон далели он аст, ки Пешвои миллат бо хирад ва дурандешии худ тавонист дубора фазои эътимодро байни ду кишвар эҳё кунад. Ин сиёсат на танҳо барои Тоҷикистону Қирғизистон, балки барои тамоми минтақа муҳим аст, зеро дӯстӣ омили асосии субот, шукуфоӣ ва шарафмандии ҳар миллат мебошад.
Мо – насли ҷавон бояд ин сабақи таърихиро дар хотир дошта бошем ва ҳамеша барои ҳифзи сулҳ, ваҳдат ва дӯстӣ талош намоем. Зеро маҳз дӯстист, ки миллатҳоро ба саодат ва шарафмандӣ мерасонад!
ТОШМАТОВ Умарҷон,
«Анвори дониш»