Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДИПЛОМАТИЯ”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДИПЛОМАТИЯ”

by admin
21 views
Имрӯз, 14.03.2025 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Дипломатия”-и назди кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид.
Кори маҳфил бо шиносонидани мавзуъҳои баррасишаванда ба иштирокчиён аз ҷониби роҳбари маҳфил, ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ Саидов Даврон оғоз гардид.
Дар маҳфил маърӯзаҳои донишҷӯи курси 3-юми факултет Бобоев Абубакр дар мавзуи “Забон ва асноди дипломатӣ” ва донишҷӯи курси 4-ум Амиров Саидҷон дар мавзуи “Осиёи Марказӣ дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ” мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти баргузории маҳфил аъзоён фаъолона иштирок намуда, доир ба маърӯзаҳои баррасишуда ибрози андеша намуданд.

Related Articles

Leave a Comment