Санаи 13.03.2025 дар кафедраи журналистикаи факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Дар семинар ассистенти кафедра Гадоева Фирӯза дар мавзуи “Ташкили самараноки раванди таблиғ дар ВАО”, магистранти соли 2-юми факултет Тошматов Хусрав дар мавзуи “Инъикоси муносибатҳои байнидавлатӣ дар ВАО-и хусусӣ” маърӯза намуданд.
Семинар дар фазои илмӣ ва муҳокимаронии озод баргузор шуда, иштирокдорон перомуни мавзуъҳои матраҳшуда баҳсу гуфтугӯ намуданд.