Санаи 12 марти соли 2025 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи илмҳои комютерӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ ва омӯзиши технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ” бахшида ба 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар ассистентони кафедра Назаров Аминҷон дар мавзуи “Истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди таълим” ва Иброҳими Юсуф дар мавзуи “Рангкунии тасвирҳо тавассути зеҳни сунъӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Зимни баромади хеш маърӯзакунандагон қайд намуданд, ки зеҳни сунъӣ яке аз равандҳои муҳимтарини рушди илму технология дар асри XXI ба ҳисоб меравад ва татбиқи он дар соҳаи маориф метавонад омӯзишро самараноктар гардонад. Онҳо зикр карданд, ки зеҳни сунъӣ имконият медиҳад, ки раванди таълим фардӣ гардонида шавад, омӯзгорон метавонанд бо ёрии системаҳои интеллектуалӣ барои ҳар як донишҷӯ усулҳои инфиродӣ интихоб намоянд.
Дар охир, маърӯзачиён зикр намуданд, ки омӯзиши зеҳни сунъӣ ва технологияи иттилоотӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятнок дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бошад, то ки ҷавонон тавонанд бо талаботи бозори меҳнат мутобиқ шаванд ва дар рушди ҷомеаи рақамӣ саҳмгузор бошанд.