Санаи 12.03.2025 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Фонуси сабз”-и назди кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғуломова Садбарг, номзади илмҳои филологӣ, дотсентон Савронбӣ Раҳимова ва Ашуров Азамат ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал роҳбари маҳфил, муаллими калони кафедраи адабиёти рус ва МТЗАР Ҳалимова Мавҷуда маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас, донишҷӯи курси 3-юми факултет Абдуллоев Н., зери роҳбарии дотсент Ашуров Азамат дар мавзуи “Анъанаҳои Лев Толстой дар эҷодиёти М. Шолохов” баромад намуд.
Маърӯзаи мазкур мавриди баҳсу баррасии иштирокчиён қарор гирифтанд. Омӯзгорон ва устодон ба суханронии баромадкунанда баҳои баланд дода, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Маҳфил дар фазои самимӣ ва бо хоҳиши баргузор намудани чунин чорабиниҳои илмӣ-маърифатии бештар ҷамъбаст гардид.