Санаи 12.03.2025 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Педагогикаи томактабӣ”-и назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил муаллими калони кафедра Сайдаҳмадова Садбарг, ассистентони кафедра Баротов Низом, Ҳалимова Фариштамо, ҳамзамон роҳбари маҳфил Сайдалиева Соҷида ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил Сайдалиева Соҷида суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ Қурбонова Оиша дар мавзуи “Тарбияи фикрии кӯдакони синни томактабӣ” ва Одилхонова Фотима дар мавзуи “Моҳият ва зарурияти тарбияи кӯдакони синни томактабӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.