Оғози асри ХХI бо тағйироти нав дар рушди сохторҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ки ба системаҳои ВАО таъсири калон мерасонанд, арзёбӣ мешавад. Дастрасии бесим ба интернет ва телефони мобилӣ унсурҳои асосии тамоюлҳои наве мебошанд, ки дар системаҳои ВАО дар солҳои аввали асри нав мушоҳида мешаванд. Муҳимтарин ҷанбаҳое, ки роҳҳои рушди ВАО-ро дар охири асри ХХ муайян карданд, ин рақамикунонӣ, ҷаҳоншавӣ ва конвергенсия бо Интернет буд, ки омили асосии ҳамгироӣ гардид. Имрӯз инноватсияҳои муҳим аз худ дарак доданд: телефонҳои мобилӣ бо намоиш додани потенсиали муттаҳидкунанда ва конвергентии худ оғоз карданд, ки ба шарофати онҳо эҳтимолан онҳо метавонанд як унсури нави муҳими фазои иттилоотӣ — ҳамчун рақиб ё унсури иловагӣ ба Интернет гарданд.
Телевизиони ҷаҳонӣ имкони рақобатро дар инъикоси ахбор ва рӯйдодҳои байналмилалӣ, бахусус дар бахшҳои иқтисод ва молия боз кардааст. Таърихи системаҳои коммуникатсионӣ аз шаш омили асосӣ — ниёзҳои иттилоотӣ, стратегия ва технологияҳои коммуникатсионӣ, ниёзҳои ҷомеа, сиёсат, иқтисод ва фарҳанг вобаста аст, ки вобаста ба дар форматсияи ҷамъиятӣ ва сатҳи зисту зиндагии шаҳрвандон тағйрпазир аст. Аз таърихи рушди ВАО медонем, ки талабот ба иттилоот:
Пешвоёни қабилаҳои қадимиро водор сохт, ки паёмбарон фиристанд ва императорҳо ва халифаҳои Румро маҷбур карданд, ки системаҳои муассири почта ва роҳро эҷод кунанд;
Инқилоби матбааи Гутенберг давраи нави чопи давриро кушод, ниёзҳои ҷомеа ва муборизаи сиёсӣ дар салтанати Фаронса Луис XIII-ро маҷбур кард, ки ба нашри рӯзнома шурӯъ кунад;
Эҳтиёҷоти иқтисодӣ ва молиявии оилаи Фуггер ба таъсиси матбуоти даврӣ дар Олмон мусоидат кард;
Озодии матбуот ва болоравии саводнокӣ дар Англия аудиторияи матбуоти бритониёии қарни XVIII-ро ба вуҷуд оварда, як фазои ҷамъиятиро ташкил дод, ки ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуд.
Айни замон, воқеияти технологӣ ва тақозои замон чигунагии муҳтавои маҳсулоти журналистӣ — ахбор, тафсир, таблиғ, фароғат, варзишро муайян намуда, дар доираи талаботи рушди минбаъдаи ВАО шароити сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангу ниёзҳои иҷтимоӣ ва иртиботӣ имконият фароҳам меорад. Мушкилоти аз ҳама муҳим дар сохтори алоқаи интернетӣ аз телефонҳои мобилӣ бармеояд, ки бартарии онҳо қобилияти дар як вақт пешниҳод кардани ду хидмати иртиботӣ — ҳам дастрасӣ ба мундариҷаи ВАО ва ҳам интиқоли он мебошад, ки боиси интерактивияти (фаврияти) воқеии онҳо мегардад.
Чунин ба назар мерасад, ки телефонҳои мобилӣ имкони хуби табдил ба як воситаи нави иттилоот ва роҳи бартараф кардани нобаробарии рақамиро доранд. Мушкилоти дигар аз инҳисоригардониии шабакаҳои телевизионии ҷаҳонӣ мебошад. Ба тавассути шабакаҳо, аз қабили Euronews, Deutsche Welle, BBC ва TV5, телевизиони ҷаҳонӣ боиси гуногунандешии бештар шуда, монополияи пахши рақамиро халалдор мекунад. Ба хилофи ин раванд, демонополизатсияи телевизиони ҷаҳонӣ бошад, ба рушди сохторҳои гуногунандешӣ ва ба манфиатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шуда, роҳҳои навро мекушояд.
Пас зарур аст, барои дурнамои рушди ВАО- замони мосир чораандешӣ кард, дар ҳоле, ки ба роҳ мондани муносибатҳои нав байни системаҳои ВАО-и ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ як омили муҳими дигари рушди роҳҳои нави гуногунандешӣ дар сохторҳои ВАО бар асоси фанновариҳои нав гардида, ва ин як масъалаи калидӣ дар рушди муосири расонаҳои нав: дастрасӣ ба интернет, расонаҳои нав ва телефонҳои мобилиро ба миён меорад.
Дастрасии осон ба интернети ҷаҳонӣ ва рушди босуръати бахшҳои миллии он интернетро ба як ҷузъи зарурии ҳам фазои ҷаҳонии байналмилалӣ ва системаҳои иттилоотӣ ва ҳам сохторҳои миллии глобалӣ ва расонаӣ табдил додааст.
Интернет шаш ниҳоди ВАО — матбуот, кино, радио, телевизион, телефония ва ВАО-ро муттаҳид менамояд ва ҳамчун марҳилаи дуюми рушди системаи иттилоотии ҷаҳонӣ як системаи мураккаби ягонаи глобалӣ ва ҳамзамон дар сатҳи миллӣ парокандаи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ инкишоф меёбад, ки ҳатто метавонад сайтҳои алоҳидаеро, ки дар тамоми ҷаҳон дастрасанд, дар бар гирад.
Таҳдиди ҷиддӣ аз он иборат аст, ки сохтори васоити ахбори омма дар ибтидои асрҳои ХХ ва ХХ1, ки ба Интернет асос ёфтааст, роҳро ба ҷомеаи иттилоотӣ мекушояд, ки дастрасӣ ба ҳама намуди иттилоот содда карда шуда, нобаробарии рақамиро ба вуҷуд меорад, нобаробарии рақамӣ ба монеа, монеа барои татбиқи иқтидори технологияҳои нави иттилоотӣ табдил меёбад.
Таъминкунандагони мундариҷаи нав ва кӯҳна барои васоити ахбори нав ва кӯҳна талаботи босуръат афзояндаро, ки аз гуногунии ВАО ва суръати интиқоли иттилоот ба корбарон бармеоянд, қонеъ карда наметавонанд. Матнҳо аз намунаҳои онлайнии ВАО-и анъанавӣ — рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, радио ва телевизион — як қисми муҳими мундариҷаи Интернетро ташкил медиҳанд. Ин вазифаро боз хам бештар агентиҳои ахбор иҷро мекунанд, ки ботағйироти ба ғайр аз интишори ахбор ва маълумоти таҳлилӣ, талаботро ба пешниҳоди як қатор намудҳои мазмун: маълумотхои статистикӣ, графикҳо, индексҳои биржа, ахбороти молиявӣ, иктисодӣ, техникӣ ва илмӣ, маълумот дар бораи маданият, адабиёт, мусикӣ, театр, кино, кино конеъ мегардонанд. Дар натиҷа, агентиҳо ҳаҷм ва саҳми худро дар қонеъ кардани манфиатҳои ҷамъиятӣ ба таври назаррас афзоиш дода, ба як ҷузъи муҳими саноати мундариҷа табдил меёбанд. Аммо аз ин ҳам муҳимтар конвергенсия ҳаст, ки ба ширкатҳои таблиғотӣ ва PR имкон медиҳад, ки ҳоло бо ҳам зич кор кунанд, хидматрасониҳои зиёди худро ба расонаҳои нав мутобиқ кунанд.
Бар замми ин, конвергенсия ҳамчун захираҳои мундариҷа вебсайтҳои институтҳои тадқиқотӣ, ширкатҳои нармафзор, мушовирон ва бонкҳои махсуси маълумотро дар бар мегирад.
Конвергенсия (индустрияи ВАО аз лотинӣ convergo «ҳамгиро мекунам») чун ҷараёни наздикшавӣ, созиш, тадбирҳо бар хилофи ихтилофоти гуногун дар илмҳои табиатшиносӣ ва инсонӣ истифода шуда, раванди ҳамгироии расонаҳои анъанавӣ ва нав мебошад, ки бо такрори мундариҷа ва/ё эҷоди платформаҳои алтернативии ВАО ҳамроҳӣ ва мусоидат мекунад.
Дар ин раванд Конвергенсия асоси муҳимтарин дигаргуниҳо дар саноати мундариҷаи имрӯза мебошад ва Интернет, назарияи коммуникатсия дар шароити технологияҳои нав, дурнамои рушд анбор ва ё захираи асосии он мебошад.
Дар асри ХХ1 нақши муошират самтҳои нави ҳаётро фаро гирифта, фазои иттилоотию коммуникатсионӣ васеъ мегардад, моделҳои оммавӣ бо моделҳои байнишахсӣ омезиш ёфта, соҳаҳои нави татбиқро пеш аз ҳама дар сатҳи байнишахсӣ ва фардӣ пайдо мекунанд.
Марказҳои тадқиқотие, ки муоширати оммавиро меомӯзанд, кӯшиш мекунанд, ки рушди ВАО дар асри ХХ-ро ҷамъбаст намуда, роҳҳои рушди назарияи коммуникатсияи оммавиро муайян мекунанд. Ин барои мо махсусан ҷолиб аст, зеро дар кишвари мо ин фан ҳанӯз пурра инкишоф наёфтааст, гарчанде ки он на танҳо дар назари рӯзноманигорон, балки равоншиносон, файласуфон, ҷомеашиносон, сиёсатшиносон низ ҳаст. Ҳама ба нақши коммуникатсияи оммавӣ нигаронида шудаанд.
Ба ақидаи назариячиёни аврупоӣ интернет, телефони мобилӣ, гӯё телевизион, ба ворид шудани принсипи образнок, визуалӣ дар соҳаи иртибот мусоидат мекунад. Муоширати визуалӣ як ҷузъи муҳими таҳқиқоти коммуникатсия шуда, як соҳаи мустақил ё, чунон ки мегӯянд, як фанни мустақил мегардад. Ҷолиб он аст, ки онҳо мутахассисони соҳаи алоқа ва кафедраҳои таърихи санъат мебошанд, ки омилҳои пешбурди визуализатсияи ВАО ба таври назаррас дар каналҳои иртиботӣ ва бе мундариҷаи махсус рушд медиҳанд.
Ҳамин тариқ, дар ВАО ва муоширати муосир дигаргуниҳои назаррас ба амал меоянд. Аммо аз баъзе ҷиҳатҳо мо ба қонунҳои суннатии бунёдии муошират — ба алоқаи «гӯш кардан» ва «тамошо кардан» бармегардем, зеро нақши муоширати визуалӣ дар дарки ҷаҳон дар ҳама сатҳҳо: ҳаррӯза, илмӣ-назариявӣ ва сиёсӣ меафзояд. Дар ҳама намудҳои муошират, дар ҳама сатҳҳои савод, ҷанбаи визуалӣ хеле муҳим аст. Ва ба ин технологияҳои нав, пеш аз ҳама Интернет, ки ҳатто матнро визуалӣ мекунад, мусоидат мекунад: вақте ки сухан дар бораи гиперматн меравад, паҳлуи визуалӣ махсусан муҳим мешавад ва иттилооти илмие, ки шумо аз Интернет мегиред, бо тарҳи муайяни визуалӣ алоқаманд аст ва барои соҳаҳои ичтимоӣ, иктисодиёт ва саноат проблемаи ба ном банду баст, ё конструкторӣ аҳамияти ниҳоят калон пайдо мекунад.
Таҷдид ва рушди алоқа, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти моро фаро мегирад, идома меёбад. Таваҷҷуҳи махсус ба назарияи коммуникатсия пеш аз ҳама бо рушди конвергенсия дар соҳаи коммуникатсия алоқаманд аст.
Имрӯз дар ҷаҳон якуним миллиард телефонҳои мобилӣ мавҷуданд, ки бозгашт ба алоқаи шунавоиро ифода мекунанд ва дар фотоэлементҳои дар телефони мобилӣ сохташуда бо алоқаи визуалӣ муттаҳид шуда, бозпахши синкретикиро (унсурҳои шабеҳ ва ҳаммаъно) ба вуҷуд меоранд.
Дар ин зимн, фардияткунонии коммуникатсияи ВАО давраи нави муоширати одамонро кушодааст, ки ҳоло дар ҷайби мо як рӯзнома, китоб, филм, мусиқиро дар телефони мобилии худро дорем — муоширати одамон ангезаи нав гирифтаву ҳар фард барои ифодаи худ ва миқёси нав, аз ҷумла ҳам дар соҳаи глобалии оммавӣ ва ҳам соҳаи иҷтимоии муоширати байнишахсӣ имкон пайдо намудааст.
Аз ин бармеояд, ки ВАОи и муосир дигар имкони пазириши эҷоди як маилаби ҳамоҳангшуда, мутавозин ва фармоиширо надорад, зеро барои ба ҳар як корбар дастрас шудани он , шумо бояд онро омӯзед ва онро ба як платформаи мушаххас расонед. Аз дигар сӯ, ояндаи ВАО саводнокии расонаиро талаб мекунад, то кораброн р зери ҳамлаи рақамӣ ва ҳолати ногувору душвор қарор нагиранд. Ин бозбинӣ, саводнокии расонаӣ метавонад журналистикаи касбӣ ва ҳам рисолатеро, ки ҳамеша аз ҷониби рӯзноманигор иҷро мешавад, ҳифз кунад.
Вобаста аз ин вазъ, зарурати таъҷилӣ ба миён меояд, ки рӯзноманигорони оянда бо забони платформаҳои нав омӯзонида шаванд. Эҷодкорони ҷавон бояд муҳтавои платформаҳои медиавиро дарк кунанд, эҳсос кунанд, ки чӣ гуна воқеияти матн, садо ва видео офарида шудааст.
Ҳамзамон, дурнамои рушди ВАО-муосирро ҳалли масъалаҳои муҳим ва тадбирандешиҳои зарурӣ, аз ҷумла:
Таъсиси Маркази таҳқиқоти равандҳои ВАО дар назди Академияи ВАО;
Дар равияҳои рӯзноманигории факултету шуъбаҳои журналистикаи МТОК таъсис додани тахассусҳои забоншиносӣ ва иттилоот, коргардонӣ, продюсерӣ ва дизайнерӣ;
Баргузории омӯзишҳо,тренингу семинарҳо барои кормандони ВАО ва таҳсилгирандагони МТОК-и равияи рӯзноманигорӣ бо ҷалби мутахассиони варзидаи аз дохил ва хориҷи кишвар;
Таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав бо дарназардошти хусусиятҳои миллии рушди ВАО.
Рушди китобхонӣ ва донишандӯзӣ бо мақсади мусаллаҳ намудани мутахассиони оянда бо донишҳои бунёдӣ ва зарурӣ.
Дастрасии босифат ба Интернет таъмин карда метавонад.
Бо таваҷҷуҳ ба муҳиммияти мавзуи матраҳшаванда, чунин хулоса метавон кард, ки агар аз як тараф, технологияҳои нав имкони ба даст овардани иттилоот ва мундариҷаи ВАО-ро муайян кунанд ва аз ҷониби дигар, худи ВАО имрӯз дар дастгирии инноватсия нақши бузург дорад, яъне ҳамин ВАО аст, ки платформаҳо, барномаҳо ва форматҳои навро таҳия мекунад. Аз ин рӯ, агар “силоҳи” асосӣ дар дасти журналисти касбӣ аст, ин раванд журналистикаи касбии босифатро таъмин намуда, нақш ва мавқеи онро дар амудии мураккаби огоҳсозии мардум аз рӯйдодҳои рӯзмарра возеҳтару гиротар мегардонад.
Дар ин росто, бо итминон метавон гуфт, ки роҳандозии равандҳои худтанзимкунӣ дар ниҳодҳои гуногуни ВАО заминаҳои муҳиме барои ҳифозати журналистикаи касбӣ буда, таҳияи матлабҳои дархӯри ниёзи тафаккури ҷомеа бо равишҳои мутавозин ва дуруст ҷиҳати дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот, арзишҳои фарҳангӣ ва таърихӣ имконоти зарурӣ фароҳам меорад.
Шарофат Худойдодова,
дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дар ДДК ба номи А.Рӯдакӣ