Home ХАБАР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
16 views
Санаи 10-уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Рӯзи матбуоти тоҷик” таҳти унвони “Нақши ВАО-и минтақаи Кӯлоб дар таҳкими худшиносии миллӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, муовинони ректор, собиқадорони матбуот ва рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани шодбошӣ ҳайати рӯзноманигорон, кормандони воситаҳои ахбори омма ва устодону донишҷӯён-рӯзноманигорони ояндаро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои эҷодӣ ва рӯзгори саодатбору пурнишот таманно намуд.
Боиси нишот ва саодати мардуми тоҷик дониста шуд, ки ҳамчун нишони эҳтиром ва эътибори аҳли матбуот, нақши созандаи рӯзноманигорон ҷиҳати бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ, муаррифии шоистаи миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз соли 1994 инҷониб ҳамасола санаи 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақш ва ҷойгоҳи аҳли матбуот ва васоити ахбори омма дар пешбурди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа барҳақ таъкид намудаанд: “Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст.
Дар воқеъ, рӯзноманигорӣ касбест бошараф, пурзаҳмат, ки ғайр аз илму дониш, инчунин, маҳорату истеъдодро талаб менамояд. Рӯзноманигорон аз равшанфикрони созандаи ҷомеа буда, бешубҳа, ҷомеаро ба сӯйи музаффарият ва тараққиёт роҳнамоӣ мекунанд ва ин рисолати таърихиро бо сеҳри хома ва қудрати сухани созанда анҷом медиҳад.
Сипас, Шарофат Худойдодова, дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “ВАО-и муосир: таҳдидҳо ва дурнамо”, Алишери Абдулмаҷид, дотсент, мудири кафедраи журналистика дар мавзуи “Рӯзнома-шоҳроҳи тафаккури миллӣ” баромад намуданд. Маърӯзакунандагон иброз доштанд, ки матбуоти тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон буда, дар марҳилаи нав ҷиҳати иҷрои рисолати созандагиву бунёдкорӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмию гиромидошти суботи сартосарӣ дар кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Дар идома Шоири халқии Тоҷикистон — Ҳақназар Ғоиб, намояндаи шуъбаи таҳлилию иттилоотии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Сафаров Бахтиёр, роҳбари намояндагии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” дар минтақаи Кӯлоб Сафарзода Ширинҷон ва хабарнигори рӯзномаи “Навиди Кӯлоб” Фарҳод Мадаминов доир ба нақши матбуот дар ҳаёти ҷамъиятӣ ибрози андеша намуда, таъкид бар он намуданд, ки воситаҳои ахбори омма барои инъикоси таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ, сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба 3 нафар устодон Шаҳодатномаи узви нави Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон супорида шуда, ин гурӯҳе аз омӯзгорону кормандони муассиса ва намояндагони ВАО дар минтақаи Кӯлоб бо Сипосномаҳои ректори Донишгоҳ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Related Articles

Leave a Comment