(Бахшида ба Рӯзи Модар)
Дар интихоби илми дақиқ гоҳо дарк наметавон кард, ки то чӣ андоза дар ин самт ба даст овардани натиҷаҳои саҳеҳ, душвору заҳматталаб аст. Бахусус, барои бонуе, ки модар асту ҳамсар, бибӣ асту ғамхор ва дар ин радиф, пайи ҷустуҷӯву ихтироот дар соҳаи илмҳои дақиқ.
Маҳрамбӣ Акбарова н.и.п., дотсент дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳайси мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо фаъолият дорад. Ифтихорманд аз кору фаъолият ва интихоби пешааш мебошад.
Соли 2002 факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бо гирифтани ихтисоси омӯзгори фанни математика хатм намудааст. Дар солҳои аввали фаъолият ба ҳайси ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият намудааст.
Дар ин боргоҳи илм ба қароре омад, ки ба самти илм пайвандад. Дар ин росто, фаъолияти илмӣ – педагогии худро ба ҳайси ассистенти кафедраи таҳсилоти ибтидоии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи мазкур идома дод.
Баъдан, ҳамчун роҳбари бахши таҷрибаомӯзии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг фаъолият намуд. Баробари фаъолият ҳамчун муаллими калони кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ дар таълиму тарбияи шогирдон саҳм гузошта, дари илму маърифатро ба рӯяшон боз намудааст. Агарчи дар ҷодаи омӯзгорӣ ба таълим сахтгиру серталаб аст, ба гоҳи комгориҳои шогирдон ҳалиму меҳрубон мегардад. Шогирдонро ба роҳи илмомӯзӣ ташвиқ ва меҳри илмҳои дақиқро дар замири донишҷӯён бедор мекард.
Соли 2019 дар мавзуи «Методикаи истифодаи технологияи иттилоотӣ – иртиботӣ ҳамчун омили рушди зеҳнии хонандагон зимни таълими математика», зери роҳбарии доктори илмҳои физика математика, профессор Табарӣ Абдулло Ҳабибулло ва машваратҳои доктори илмҳои педагогӣ, профессор шодравон Шарифзода Ҷумъа Шариф дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-035 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Раёсати Донишгоҳ фаъолияти хубу самарабахши омӯзгори ҷавонро дида, ӯро соли 2019 ба ҳайси декани факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таъйин намуданд. Фаъолияти омӯзгори ҷавон дар ин самт хуб буд.
Соли 2022 ӯ ба ҳайси мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо таъйин гардид. Муаллима ба ҳама серкорию мушкилиҳо нигоҳ накарда тавонистааст, ки муаллифи як китоби дарсӣ, 2 монография, 3 дастури таълимӣ бошад. Инчунин, зиёда аз 60 мақолаи илмию оммавиаш дар маҷаллаҳои бонуфӯзи кишвар ва маҷаллаҳои илмӣ – байналмилалӣ нашр гардидаанд. Соли 2022 шогирдаш донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ Мадинаи Диловаршо дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” аз фанни математика байни донишҷӯёни 41 муассисаи таҳсилоти олии кишвар сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи 2 гардид. Соли 2023 тибқи лоиҳаи “Биё ҳамроҳ омӯзем” дар ҳамкорӣ бо барномаи ЮСАИД барои омӯзгорони ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти ибтидоӣ бо иловаи забони русӣ дастури таълимие таҳти унвони “Методикаи таълими математика” дар 3 қисм дар ҳаммуаллифӣ бо олимони муътабари кишвар бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр намуданд. Бояд гуфт, ки ягона нафаре, ки аз вилояти Хатлон ҷиҳати таҳияи ин китоби дарсӣ даъват шуда буд, муаллима Акбарова М. буданд.
Фаъолияти хуби муаллимаро аҳли илми кишвар эътироф карда, соли 2020 бо ҷоиза ва “Ифтихорнома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2022) қадршиносӣ намуданд.
Моҳи июни соли 2017 муаллима дар симпозиюми байналмилалӣ, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни якчанд давлати дунё шуда гузашт, иштирок ва баромад намуда, бо сертификати байналмилалӣ мушарраф гардид. Солҳои фаъолияташ муаллима аз курси омӯзишии “Занҳои роҳбар” гузашта, сазовори сипоснома ва ифтихорномаи ҲХДТ гардидааст. Фаъолияти назарраси муаллимаро раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб пайваста бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадршиносӣ менамояд. Маҳз, барои як зане, ки дар самти илмҳои дақиқ дар ҷомеа нақши муассир гузошта, пайваста шогирдонро аз фанҳои дақиқ таълим медиҳад ва дар вазифаи роҳбарикунанда қарор доштан ин кори саҳл нест.
Муаллима пайваста дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор аст ва мекӯшад, ки шогирдонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва эҳтирому арҷ гузоштан ба ин ватану ин миллат тарбия намояд. Муаллима дар ин роҳи интихобкардааш аз оилаи худ бисёр миннатдорӣ менамояд, чун тамоми муваффақияташро дар дастгириҳои аҳли оилааш мебинад. Мо аҳли кормандону бонувони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ифтихор аз он дорем, ки чунин як бонуи бомаърифат, соҳибхираду бофазилат дар паҳлуи мо кору фаъолияти назаррас дорад. Ба муаллима дар ин ҷодаи пурифтихор комёбиву муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоем ва дар роҳи илм гомҳои устуворро баҳрашон хоҳонем. Ҳамчунин дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар муаллимаи азиз ва кулли модарони тоҷикро таҳният гуфта, хоҳони он ҳастем, ки ҳама вақт шоду сарбаланд ва чун шамси ховар ҳамеша нурафшону осмони ҳаёташон софу беғубор бошад.
Идатон муборак, модарону хоҳарони азиз!
Шералиева Садбарг, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ