Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МОҲТОБЕ ДАР ШАБИСТОНИ ДИЛАМ

МОҲТОБЕ ДАР ШАБИСТОНИ ДИЛАМ

by admin
13 views
Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.
Эмомалӣ Раҳмон
Ба қадри арзишҳои бузург чун Ватан, Модар, Падар, ҳаёт, зиндагӣ, ва вақт бояд расид, ки ин муқаддасот ба инсон аз ҳама азизтару пурқиматтаранд.
Модар чӣ алфози бузург, ширин ва софу зулол чун чашасорони кӯҳсор, ҳарфҳояш бегазанду натиҷаовар дар ошёнаи хонаи дилам. Дӯст медорам он замонеро, ки модарамро бо таббасумҳои ширине аз шириниҳои ҳаёт мебинам ва дар дилам табли шодӣ мезанам аз оҳангҳои зиндагӣ, ки дар пешгоми ҳаёташ ман қаҳрамони китоби модарам. Модар шахси азиз ва кабир барои ҳар як фарди рӯйи олам буда, маҳз тавассути ҳамин муъҷизаи илоҳӣ мо ба ин дунёи пуртазоду пур аз шебу фарози зиндагӣ омадаем. Охир ин модараст, ки нуре ба хонадон меорад ва равшание дар замир, андеша, эҳсосот ва қалби мову Шумо барафрухта, чун моҳтобе дар шабистони дили фарзанд торикиҳоро бо лутфу каромот мунавар гардонида, умед ба зиндагиро дар қалби насли башарӣ бедор мекунад.
Дуруст аст, ки дар хусуси модар ҳарфҳои ногуфтанӣ зиёде ҳастанд ва имрӯз ҳам инсонҳои бузурге мекӯшанд, ки дар бораи модар чизҳое офаранду гӯянд, ки мислашон дар ҷаҳон набошаду онҳоро касе нагуфта бошаду нашнида бошанд. Ҳамеша талош мекунанд, ки дар ибрози меҳрнома барои модароне, ки барояшон ранҷ кашидаанд ва тарбияту баркамолашон намудаанд, шеърҳои ҷазоб, асарҳои нотакрор, достону қиссаҳои хотирмону бузургро чун шоирону нависандагони чирадасти хориҷию ватанӣ Балзак, Шекспир, Максим Горький, Чингиз Айматов, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир офаранд.
Аё модар, дуои хайр меҷӯям,
Чу фарзанди ту роҳи хайр мепӯям,
Ҷаҳони розҳо,
Бинмо ҷаҳонамро,
Кушо оғози талхи достонамро!
Васфи модарро шоири ширинкалом Озарахш дар шеъраш бо калимоти зебое, ки ин вожаҳо ба мисли раққосони моҳир дорои санъати хосанд, ки дар саҳна мехироманд дар шеъраш бо санъатҳои бадеӣ дар ҷойи муносиб ба рақс овардаву дар дили хонандагони ин сатрҳо шӯре меандозад то меҳрашон ба модарон, ки рамзи накукорианд, нарму самимӣ гардад.
Ба бедорӣ намеоӣ, ба хобам ой, ё модар!
Ба хоби дидаи дидоркобам ой, ё модар!
Сари сарчашма ҳайрон мондаам, дар ҳасрати чашмат,
Ба ёди чашмаи хушкидаобам ой, ё модар!
Намедонам, чӣ ҳарфе бурдаӣ бо хеш ногуфта,
Ҷавобе бар саволи беҷавобам ой, ё модар!
Фурӯғ аз рӯзгорам рафт бо рӯи банури ту,
Ба рӯи офтобу моҳтобам ой, ё модар!
Ки мегӯяд дилат дигар ба ҳоли ман намесӯзад?!
Яке бар пурсиши ҳоли харобам ой, ё модар!
Ту мегуфтӣ, рубобе зан, хамӯшиям забон ёбад.
Кунун бар хомӯшистони рубобам ой, ё модар!
Ки мебусад китоби Озарахшатро ба ҷойи ту?
Ба авроқи парешони китобам ой, ё модар!
Модар ганҷест, ки бемислу монанд ва дурахшандатарин ситораест, ки дар ҷилояш ҳатто ситораҳои само дар ҳайратанд, чунки вай дар рӯйи замин баъд аз Эзиди якто офарандаи башарият ва ҳасткунандаи халқият, ки дорои бузургтарин неруву силоҳ «ақл» аст, дар ин маскани тираранг, ки гоҳо ба кунҷи хамӯшиҳо меравад, сукунат дорад. Модар аст, ки барои як тифлаки маъсуму нотавон ранҷҳои бардавом мекашад ва ҳамеша ёдаш ва он тапиши дилаш танҳо барои фарзанде, ки ӯро ба дунё овардааст, тарбият ва дар боғи хирад ва маънӣ раҳнамун сохтааст, боз ҳам пуршидаттар тапиш мехӯрад. Модаронро аз истеъдоди азалиашон бояд дӯст дошт ва шинохт, чунки онҳо барои фарзандон ба ҳама кор қодиранду ба ҳама кор даст мезананд чӣ кори хатарнок ва чӣ кори одӣ, вале аз чизе биму тарс надоранд, чунки онҳо дили бузург ва дар мади аввал бахшандаи ҳаётанд.
Дар рӯйи замин натанҳо инсонҳо, ҳатто дигар махлуқоти рӯйи олам ба модар эҳтиёҷ доранд. Васфи модарро шоирону нависандагон ва пажӯҳандагони роҳи хираду маънӣ дар майдони сафеди паҳновар, ки дар он девораҳову марзҳо вуҷуд надоранд, бо ранги сиёҳ, на сиёҳии тақдир, балки сиёҳие аз рангдони пур, ки ҳамеша дар сафедиҳо нақш ва қолаб мебандад, бо қалами зиндагӣ дар ин майдони паҳновар ба ҷанг медароранд то дар ин бархурди килку авроқи сафед чизе пайдо шавад бо номи модар ва дуруст ҳам мегӯянд, ки атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, борон аз абр, ҳарорат аз офтоб ва зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад.
Вале, мутаассифона, дар замони кунунӣ ва дар ҳама давру замон, ҳастанд бархе аз нохалафоне, ки ба қадри чунин инсонҳои бузург намерасанд ва ҳамеша озорашонд медиҳанду дар дилашон доғе аз доғи хун мегузоранд, тавре шоир фармудааст:
Хоки қадамат ба дида молам, модар,
Доди ту ба ҷон шири ҳалолам, модар.
Ҳастанд ягон-ягон, ки хорат созанд,
З-ин тоифа бисёр малолам, модар.
Азимов Исматулло, магистранти курси 1-уми факултети филологияи тоҷик ва Журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment