Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МОДАР – ҚАҲРАМОНИ БЕСИЛОҲ, МЕҲРУБОНИ БЕНАЗИР

МОДАР – ҚАҲРАМОНИ БЕСИЛОҲ, МЕҲРУБОНИ БЕНАЗИР

by admin
12 views
Эй азизе, ки вуҷудам ба вуҷудат пайванд аст! Эй меҳрубонтарин инсон, ки нафаси ту сарчашмаи зиндагии ман аст! Дилам бо буданат гарм аст, муҳаббатам ба ту беинтиҳост, зеро ту маънои ҳастӣ, маънои муҳаббат ва маънои зиндагистӣ. Ту ягона шахсе ҳастӣ, ки барои мо фарзандон ҳамчун Гурдофарид ҷангидӣ. Ҷангидӣ, на бо шамшер, балки бо меҳрубонӣ, бо сабру таҳаммул, бо ҷоннисорӣ. Ҳар рӯз бо зиндагӣ мубориза бурдӣ, то мо хушбахт бошем. Ҳар боре, ки дардро эҳсос кардӣ, онро пинҳон намудӣ, то мо бо дидани чеҳраи хандонат ором гирем. Ту сухтӣ, аммо фурӯзон мондӣ. Ту сохтӣ, бе он ки аз мо чизе талаб намоӣ. Ту ҳамеша меҳр, муҳаббат, нерӯ, сабр, умед, рӯшноиро барои мо арзонӣ овардӣ. Вале ҳаргиз аз мо чизе нагирифтӣ, ҳатто вақте ки бештар аз ҳама сазовори он будӣ.
Модар! Дасти ту малҳамест, ки бе дору шифо мебахшад. Нигоҳи ту нурест, ки бе офтоб дилро равшан мекунад. Ҳар як суханат панд аст, ҳар як дуоят роҳнамост, ҳар як нафасат ибодатест, ки зиндагии моро пурбаракат мегардонад. Ту на танҳо модарӣ, ту офтобе ҳастӣ, ки ба ҳар сояи торик равшанӣ мебахшад. Ту кӯҳе ҳастӣ, ки фарзандонатро дар оғӯш гирифта, аз тӯфонҳои зиндагӣ муҳофизат мекунӣ. Агар тамоми ҷаҳонро ба поят гузорам, кам аст. Агар тамоми умр туро парастиш кунам, басанда нест. Агар бо ашки чашмонам роҳатро шӯям, қарзи як рӯзи заҳмати туро пардохта наметавонам.
Эй модар! Бигзор осмон бароят соф бошад, бигзор дунё ба лабхандат шукуфад, бигзор муҳаббати фарзандонатро ҳамеша эҳсос кунӣ!
Модар! Ту Гурдофариди манӣ! Рӯзи Модар муборак бод, эй нурбахши ҷон, эй тафсони меҳр, эй беҳамтотарин қаҳрамони зиндагӣ! Дӯстат медорам, модар! Бештар аз ҳар чизе дар дунё… Вале афсӯс, ки ту танҳо ба муҳаббат не, ба саҷда сазоворӣ!
Ғафорзода Мадинабону, коргузори кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment