Home ХАБАР ДАРСИ НАМУНАВӢ: ЗАН – ГУЛИ ЗИНДАГӢ ВА ОФАРАНДАИ ФАРДОИ ҶОМЕА

ДАРСИ НАМУНАВӢ: ЗАН – ГУЛИ ЗИНДАГӢ ВА ОФАРАНДАИ ФАРДОИ ҶОМЕА

by admin
51 views
Санаи 6 марти соли 2025 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии муаллими калони кафедраи география ва сайёҳӣ Мирзоева Арафамо дар мавзуи «Зан – гули зиндагӣ ва офарандаи фардои ҷомеа» дар гурӯҳи таълимии 106-и ихтисоси сайёҳат ва меҳмондорӣ бо иштироки устодони кафедра баргузор гардид.
Муаллим Мирзоева Арафамо дарсро тибқи талаботи мактаби олӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки зан ҳамчун гули сари сабади ҷомеа на танҳо ороишгари зиндагӣ, балки асоси тарбият ва рушду шукуфоии инсоният мебошад. Нақши ӯ дар таҳкими маърифат, ахлоқ ва эҳёи арзишҳои миллӣ бебаҳост. Модар, ҳамсар ва хоҳар будани зан нишонаи муҳаббат, садоқат ва умедбахшии ӯ ба ҳаёт аст. Ҷомеае, ки ба қадри зан мерасад, ба камол мерасад ва пешрафт мекунад. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба мақоми зан на танҳо вазифа, балки эҳтироми самимӣ ба зиндагӣ ва башарият аст.
Дар идомаи дарси намунавӣ донишҷӯёни гурӯҳ бо ибрози андешаҳои худ оид ба мавқеи зан дар ҷомеа баромад карданд. Ҳамзамон, донишҷӯён шеърҳоеро дар васфи модар, зан ва муҳаббати беандоза ба онҳо қироат намуда, бо суханони пурмазмун аҳамияти эҳтироми занро таъкид карданд.
Дар охир, Мирзоева Арафамо аз иштироки фаъолонаи донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки арҷгузорӣ ба занон ва модарон нишонаи маърифати баланди инсонӣ мебошад.

Related Articles

Leave a Comment