Home ХАБАР ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САД РАНГИ ЧАКАН»

ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САД РАНГИ ЧАКАН»

by admin
35 views
Санаи 1-уми марти соли 2025 дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Арафамо Даминзода, роҳбарони шуъбаю муассисаҳои таълимӣ, намояндагони сохторҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, инчунин донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ширкат варзиданд.
Дар назди Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ, сӯзандӯзию гулдӯзӣ, заргарӣ, тарроҳӣ ва дигар анъанаҳои ҳунармандӣ баргузор гардид. Ин дастовардҳо аз ҷониби тарроҳон ва ҳунармандони моҳири Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои минтақа ба намоиш гузошта шуда, меҳмононро бо нозукиҳои санъати мардумии тоҷик шинос намуданд.
Қисмати расмии чорабинӣ дар толори Қасри фарҳанг идома ёфт.
Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода зимни сухани ифтитоҳии худ ҳозиринро аз номи раиси вилояти Хатлон ба муносибати ташрифи корвони «Модарони ваҳдатсаро» ва ҷамъбасти даври вилоятии фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» табрик гуфт. Вай таъкид намуд, ки халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо бо талошу заҳмати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст саҳми арзандае дар таъриху тамаддуни башар гузорад.
Ҳамзамон, Анзурат Абдусаломзода дар идома иброз дошт, ки бо иқдому ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номинатсияи «Чакан, ҳунари гӯлдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки моҳи декабри соли 2018 дар шаҳри Порт-Луии Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии башарият расман ворид гардида, баргузории фестивал яке аз тадбирҳои гиромидошти ин арзиши асили фарҳангӣ буда, он ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб пешкаши ҳаводорони санъати мусиқӣ гардид.
Дар фарҷом, фаъолони чорабинӣ бо туҳфаҳои махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.

Related Articles

Leave a Comment