Home ХАБАР ДАРСИ КУШОД: БАЛАНД БАРДОШТАНИ ФАРҲАНГИ АНДОЗСИТОНӢ ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

ДАРСИ КУШОД: БАЛАНД БАРДОШТАНИ ФАРҲАНГИ АНДОЗСИТОНӢ ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

by admin
13 views
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавиву кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқону омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ташкилу баргузор мегарданд. Дар ин росто санаи 28.02.2025 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи молия ва қарз Ҳаёев Қиёмиддин дарси кушод дар мавзуи “Баланд бардоштани фарҳанги андозситонӣ омили рушди иқтисоди кишвар” дар гурӯҳи таълимии 303-и ихтисоси Молия ва қарз бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра гузаронида шуд.
Ҳаёев Қиёмиддин дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс “Баланд бардоштани фарҳанги андозситонӣ омили рушди иқтисоди кишвар” маълумоти муфассал ироа намуда, қайд намуд, ки андоз яке аз манбаъҳои асосии даромади давлат мебошад, ки барои рушди иқтисодӣ, таъмини хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва амнияти кишвар нақши муҳим дорад. Баланд бардоштани фарҳанги андозситонӣ дар байни шаҳрвандон ва соҳибкорон метавонад ба афзоиши даромади буҷети давлат ва эҷоди муҳити устувори иқтисодӣ мусоидат намояд.
Дар охир дарс бо саволу ҷавоб миёни омӯзгорону донишҷӯён ба охир расид.

Related Articles

Leave a Comment