Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ГАР БА ДАРЁ БИРАСӢ, ҚАТРА НАӢ ДАРЁӢ

ГАР БА ДАРЁ БИРАСӢ, ҚАТРА НАӢ ДАРЁӢ

by admin
9 views
“Маро дар ин рӯзгор касе нашинохт, валекин баъд аз фавти ман сад сол толибон пайдо шаванд, ки аз расоили ман фавоид гиранду қадри ман бишносанд”.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Ба ҳамагон маълум аст, миллат, шаҳрванд ва фарҳанг қувваи асосии ҷомеа ба шумор мераванд, аммо онҳоро бидуни тарбияи ахлоқӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро тарбия омили муҳим ва асоси ташаккулёбии шахсият ба ҳисоб меравад, ки он барои ҳамаҷониба инкишоф ёфтани ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти зарурӣ дорад.
Чи хеле, ки маълум аст, шахсият касеро гуфтан мумкин аст, ки вай дорои ҳамаи қобилиятҳои инсондӯстию инсонпарварӣ бошад ва ҳамеша барои пешрафти ҷомеа тамоми кӯшишҳои худро равона созад. Ба ин маънӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гуфта буд:
Ҳаст доим салтанат дар маърифат,
Ҷаҳд кун то ҳосил ояд ин сифат.
Ҳар кӣ масти олами ирфон бувад,
Бар ҳама халқи ҷаҳонсултон бувад.
Бояд гуфт, ки ҳар як шахс дар давоми зиндагии хеш кӯшиш мекунад, ки яке аз шахсиятҳои маърифатманди ҷомеа бошад. Маълум аст, ки барои шахсияти комил шудан пеш аз ҳама бояд дорои маърифат ва илму дониш, ахлоқи ҳамида, рисолати волои инсонӣ, муоширати хуби инсонгароӣ, ватандӯстӣ буда дар замири худ, тарбия намудани созандагии воқеияти ҳаёти худро ташаккул диҳад.
Пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори таълиму тарбия ба арзишҳои миллат диққату эътибор хеле афзуд. Омӯзиши таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳои халқамон дар маркази диққат қарор ёфт. Дар ҳамин асос ифтихор ва худшиносии миллӣ баланд рафт. Дар ҳақиқат Тоҷикистони имрӯза, ки бо қадамҳои боварибахш пеш меравад, ба одамони ҳаматарафа инкишофёфта эҳтиёҷ дорад. Чунин одамон қодиранд, ки илму фан, маданият, соҳаҳои санъат ва кишоварзиро ривоҷу равнақи тоза бахшанд. Аз ҳамин рӯ тарбияи инсони ҳаматарафа инкишофёфта аз вазифаҳои тарбияи ахлоқист, чунки вай бо эътиқод, саъю кӯшиш, ғайрат, маданият ва донишҳои худ ба тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳисса мегузорад. Барои тарбияи муҳити солим, ором лозим аст, ки он баъди ҷанги шаҳрвандӣ зери роҳбари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд оварда шуд. Акнун имконият пайдо шуд, ки дар одамон хислатҳо ва сифатҳои ахлоқӣ тарбия карда шавад.
Ба иҷрои ин кор торафт беҳтар гардидани сатҳи зиндагонии мардум, кам шудани дараҷаи камбизоатии аҳолӣ мусоидат хоҳад намуд.
Акнун шароити истифодаи таҷрибаи гузаштагон дар тарбияи ахлоқӣ ба вуҷуд омад.
Халқи тоҷик дар бобати тарбияи ахлоқӣ анъанаҳои қадимӣ дорад. Китоби муқаддаси зардуштӣ «Авесто», ки зиёда 2700 сол муқаддам навишта шудааст, пур аз панду ҳикматҳои ахлоқист. Аз ҳамон замонҳои қадим ахлоқи нек дар симои Аҳурамаздо ба ахлоқи бад, ки акскунандааш Аҳриман буд, мубориза мебурд.
Сарчашмаҳои хаттӣ, асарҳои оламшумули намояндагони адабиётамон, панду насиҳатҳо ва урфу одатҳои миллӣ, ки авлоду аҷдодамон дар асоси онҳо тарбияи ахлоқӣ гирифтаанд, имрӯз ҳам қадру қиммати худро гум накардаанд. Барои ҳаёти оилавии ҳозира, тарбияи фарзандони онҳо аҳамияти калонро моликанд.
Суханони зерини Унсуралмаолии Кайковус аз «Қобуснома» аҳамияти меҳнатро хеле хуб таъкид менамояд: «Ранҷи имрӯзин осудани фардоин бувад ва осудани имрӯзин ранҷи фардоин!»
Инсонпарварӣ яке аз сифатҳои ахлоқӣ аст, ки Низомии Ганҷавӣ дар ин хусус гуфтааст:
Кӯш, то халқро ба кор оӣ,
То ба хулқат ҷаҳон биёроӣ!
Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин хусус мегӯяд:
Эй ки пурсӣ, ки беҳтарин кас кист,
Гӯям аз қавли беҳтарин касон.
Беҳтарин кас касе бувад, ки зи халқ,
Беш бошад ба халқ нафърасон.
Васияту насиҳатҳо, ақидаву андешаҳои мутафаккирони гузашта дар бораи ахлоқ чунон тавоноӣ доранд, ки метавонем бо мадади онҳо дар дили хонандагони хурдсол ҳам тухми инсонпарварӣ кишта сабзонем, онҳоро ба роҳи ҳаёт барорем, то дар оянда ба халқ ва хешу табор, дӯстон дасти ёрӣ дароз намоянд, ҳурмату эҳтиромашонро ба ҷо оранд. Мақсади тарбияи ахлоқӣ чунин шахсони хушрафторро тайёр кардан аст. Дар ин ҷода истифода намудани панду ҳикматҳои ахлоқии Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Н. Хусрав, С. Насафӣ, М.Саъдӣ, А.Ҷомӣ, А.Дониш ва дигар бузургон мувофиқи мақсад мебошад. Халқи тоҷик ва мутафаккирони он ахлоқи пок, одобу рафтори хушро қадршиносӣ, тарғибу талқин мекарданд, чунки онҳо фаъолиятҳое мебошанд, ки ба инсон ҳусну латофат мебахшанд, вайро орифу доно, тавоно месозанд, аз ҳар ҷиҳат мукаммал мегардонанд. Масалан, Абӯали ибни Сино дар «Пирӯзнома» оварда:
Гуфтам:
-Чӣ кунам, ки бар табиб ҳоҷат набошад?
Гуфт:
-Кам хӯрдану кам хобидану кам гуфтан.
Гуфтам:
— Аз мардумон кӣ оқилтар аст.
Гуфт:
— Он ки кам гӯяду беш шунавад ва бисёр донад.
Ҳамин тавр, дар мактабу синфу оила бо роҳи фаҳмондадиҳӣ, донишдиҳӣ дар хонандагон сифатҳои ахлоқӣ пайдо кунонда мешавад. Онҳо тадриҷан дар волидайн ва муаллимон меҳрубонӣ зоҳир менамоянд, ба ҳамсолону атрофиён ғамхорӣ менамоянд, оид ба адолату инсоф, кори неку бад фаҳмишҳо ҳосил мекунанд. Маданияти рафтор ва дараҷаи тарбияашон сайқал ёфта, ба тарзи либоспӯшӣ, муомилаву сухангӯӣ, ҳаракатҳои худ эътибор медиҳанд.
Дар мактаб баҳри тарбияи ахлоқӣ қоидаҳо барои талабагон, ки ба хонандагони синну соли гуногун пешбинӣ шудааст чун барномаи тарбияи ахлоқӣ сармашқи кор шуда хизмат мекунад. Ин барнома хеле васеъ буда, муносибатҳои гуногуни ахлоқиро дарбар мегирад ва дар ҳамин муносибатҳо сифату хислатҳои шахсияти хонанда ба назар падид меояд.
Шарипов Бахтовар — номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment