Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ ВА КИТОБДОРӢ

ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ ВА КИТОБДОРӢ

by admin
15 views
(дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардидани соли 2025 дар вилояти Хатлон)
Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар низоми сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба китоб ва китобхонӣ мақоми шоиста дорад. Пешвои миллат бо эътимод ба ин матлаб, ки «Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст» ва “китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли наврас» мебошад, нашри осор, бунёди нашрияҳои нав ва таҷдиди суннату фарҳанги китобхониро таҳти таваҷҷуҳ ва парастории ҳамешагии худ қарор дод. Ҳамин арзиш ва ҷойгоҳи китобхонӣ дар тафаккури миллӣ буд, ки дар тақвими санаҳои таърихиву миллии тоҷикон 4 сентябр ҳамчун Рӯзи китоб арзи ҳастӣ намуд.
Дар тақвияти ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон дар вилояти Хатлон, аз ҷониби раиси вилоят Давлаталӣ Саид соли 2025 «Соли фарҳанги китобхонӣ» эълон карда шуд, ки он метавонад такони ҷиддие дар ташаккул ва инкишофи ақлу заковат ва фарҳанги аҳолӣ ва хонандагон бошад.
Воқеан, китоб ганҷи бебаҳо, махзани илму дониш, панду ҳикмат ва роҳнамову ҳамнишин аст. Ҳар шахсе, ки китобхониро пеша мекунад, аз ӯ дар оянда ҳатман фарди некному фарҳангдӯст ва бомаданият ба воя мерасад. Маҳз китоб аст, ки ба мо расму оин ва анъаноти неки миллиамонро бозгӯ карда, имкон медиҳад, ки сатҳи дониши худро мукаммал гардонем. Маҳз китоб аст, ки мо таърихи гузашта, ҳаёти имрӯза ва ояндаи дурахшони халқу миллати худро меомӯзем. Китоб калиди дари илму кошонаи маърифат, асоси хираду заковат, ганҷинаи фарҳангу нуру зиё, тарғибгари шодиву ободӣ, ҳаёти хурраму пурнишот аст.
Шахсе, ки китоб мехонад, сатҳи донишаш баланд гардида, нутқи шифоҳиаш бурою тоза мешавад. Тавре ки бе калид ба дари хонаи бастае наметавон ворид шуд, бе китоб ҳам ба боғи илму маърифат дохил натавон шуд. Оре, китоб чун дорӯ инсонро аз нохушиҳо мераҳонад. Китоб падидаест, ки тавассути он инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму дард озод мегардад.
Агар шахс зиёд мутолиа кунаду китобро бо тамоми вуҷуд дӯст дорад, бузургии дунё дар назари ӯ кушода мешавад, ӯ метавонад бидуни сафар кардан тамоми дунёро бишносад. Инсон аз китобҳои хондааш дарси одобу ахлоқ омӯхта, ҳамчун фарди покахлоқу ватандӯст ва ватанпарвар тарбият мегирад.
Китоб ба ҳайси маслиҳатгари беминнат ва беҳтарин ёвар қодир аст, ки ба инсон зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро омӯзонад. Нафаре, ки пайваста ба мутолиаи китоб машғул аст, дарахти пурсамарро мемонад, ки меваҳояш ҳар лаҳза ба дигарон неруву тавон мебахшад. Мутолиаи китоб ва ё асарҳои бадеӣ дар ҳаёту фаъолияти инсон ҷойи асосиро ишғол менамояд.
Боиси хушнудист, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби таваҷҷуҳи ҳамагон ба мутолиаи китоб пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Нашри осори адибон, дастгирии нашри мунтазами як қатор рӯзномаву маҷаллаҳо ва баргузори озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ аз зумраи иқдомоти наҷибу манфиатбори Сарвари кишвар маҳсуб меёбанд. Таваҷҷуҳи роҳбарияти Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилу баргузории солгардҳои адибону муҳаққиқони барҷаста рамзи гиромидошти хидматҳои шоёну нотакрори фарзандони фарзонаи миллат мебошад.
Ҳамчунин ташкили озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» дар таърихи давлатдории навин таҳкими хиради волои тоҷикона аст. Ин озмун бори дигар ба шаҳрвандони кишвар имкон медиҳад, ки ҳар як инсон новобаста аз синну сол аз ширкаткунандагони фаъоли озмун бошад.
Бояд қайд кард, ки барои ба китобхониву китобхона ҷалб намудан ва ба роҳ мондани тарғиби адабиёт дар байни хонандагон, донишҷуён, қабл аз ҳама, зарур аст, ки хусусиятҳои хосси синну солӣ ва вижагиҳои майлу рағбати ҳар як гурӯҳи онҳо мавриди омӯзиш қарор дода шаванд. Барои ба ин ҳадафҳо ноил гардидан ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми оммавӣ дар муассисаҳо, китобхонаҳо аз қабили вохӯриҳо бо шоирону нависандагон ва мутахассисони собиқадори касбу соҳаҳои гуногун, семинару махфилҳои илмӣ, конфронсу нишастҳои шавқовар, таҳияи рӯйхати адабиёти тозанашр нашрияҳои ниёзи хониш, лавҳаҳои ҷашну санаҳои муҳимми таърихии кишвар мувофиқ мебошанд. Маҳз мақсад аз ташкил ва гузаронидани озмунҳо ва чорабиниҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ин ҷалби бештари аҳолӣ ба китобхониву китобдорӣ ба ҳисоб меравад, ки онро мо метавонем дар солҳои охир дар амалия мушоҳида намоем. Барои мисол банда худ шоҳиди ҳодисае гаштам, ки бо мақсади гузаронидани чунин вохӯриҳо ба муассисаи таълимие ворид шудем, ки масъули китобхона аз хонандае талаби китоби бадеиеро пурсон шуд, дар посух хонанда гуфт, ки муаллима ман китобро хонда тамом кардам, аммо бибиам онро гирифта хоҳиш хонданро намуд ва айни замон бошад бибиам китобро хонда истодааст. Ҳамаи ин далолат бар он мекунад, ки Ҳукумат ва Сарвари давлат ба он мақсаду маромие, ки дар самти китобхониву китобдӯстӣ гузошта буданд, расида истодаанд.
Албатта, дар роҳи тарғиби китоб нақши муҳимро падару модар мебозанд. Барои он ки фарзанд ба китоб меҳр бандад, пеш аз ҳама худи онҳоро зарур аст, ки китобдӯсту китобхон бошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд дастовардҳои назарраси давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон маҳз бо туфайли хонишу дониш ва файзу баракати комёбиҳои бесобиқаи илмии онҳо ба даст омадаанд.
Хушбахтона, имрӯз робитаи кӯдакон, наврасону ҷавонон, мутахассисон, омӯзгорону олимон ба китобхонаҳо қавитар шуда, барои ба китобхонӣ ҷалб намудани донишомӯзон ва ба роҳ мондани тарғиби адабиёт дар байни онҳо, қабл аз ҳама, зарур аст, ки хусусиятҳои хосси синну солӣ ва вижагиҳои майлу рағбати онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
Ҳайдарзода Ҳайдар, директори муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб

Related Articles

Leave a Comment