Home ХАБАР ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ЗАБОН: СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ЗАБОН: СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

by admin
24 views
Ҷиҳати таъмини иҷрои барқияи телефонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар асоси мактуби Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 27 феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари омӯзишӣ вобаста ба ташвиқу тарғиб ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, забоншинос, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Раҷабзода, мудири САҲШ-и шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Марям ва масъулини ташкилоту муассисаҳои шаҳриву минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмононро ба донишгоҳ хайру мақдам гуфта, баргузории чунин семинарҳои омӯзиширо зарурӣ арзёбӣ намуд.
Сипас, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо суханронӣ намуда, зикр кард, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” барои таҳкими забони модарӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ нақши муҳим мебозад. Ӯ қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои муқаррароти қонун чораҳои зарурӣ меандешанд ва баргузории чунин семинарҳо барои баланд бардоштани маърифати забонию ҳуқуқии шаҳрвандон аҳамияти калон дорад.
Сипас, забоншинос Раҳим Раҷабзода дар суханронии худ таъкид дошт, ки мақсади баргузории семинари омӯзишӣ баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ташкилоту муассисаҳо доир ба риоя ва гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, қабл аз ҳама, аз амалӣ гардидани талаботи қонуни зикршуда вобаста аст.
Иброз дошт, ки забон неъмати бебаҳо, рамзи давлатдорӣ, унсури муҳимми бақои миллат, падидаи фарҳанги миллӣ ва як бахши нигорандаи таърихи халқи мо мебошад. Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Мудири шуъбаи САҲШ-и шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Марям низ вобаста ба риояи қоидаҳои расмии ҳуҷҷатнигорӣ ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки риояи қоидаҳои имло ва забони расмии давлатдорӣ яке аз масъулиятҳои асосии кормандони давлатӣ ва шаҳрвандон мебошад.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён доир ба татбиқи қонун дар бораи забони давлатӣ, риояи қоидаҳои имло ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди забони тоҷикӣ мубодилаи афкор анҷом дода, ба суолҳои худ посух гирифтанд.
Тошматов Умар,
“Анвори дониш”

Related Articles

Leave a Comment