Таърихи 27.02.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии магистранти курси якуми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик- Раҷабова Фараҳноз, аз фанни методикаи таълими адабиёт дар мавзуи “Аз таърихи таълими адабиёт дар мактабҳои куҳна” дар гурӯҳи таълимии 205-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, маърифати оиладорӣ баргузор гардид.
Дар дарс мутахассиси шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Сулаймонов Убайдулло, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқова Зайналбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Одинаева Гулбону, муовини декан оид ба тарбия Насимҷони Саидаъзам ва дигар омӯзгорони кафедра иштирок доштанд.
Раҷабова Фараҳноз дарсро тибқи талаботи мактаби олӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки таълими адабиёт дар мактабҳои куҳна асосан бар пояи анъанаҳои форсии классикӣ буд. Он ба такмили ахлоқи шогирдон, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва инкишофи ҳунари суханварӣ мусоидат мекард. Ин шеваи таълим то замони воридшавии мактабҳои навини ҷаҳонӣ дар саросари Осиёи Марказӣ маъмул буд.
Дар фарҷоми дарс муаллим ба донишҷӯён доир ба мавзуи болозикр саволҳо пешниҳод намуда, донишҷӯён дар навбати худ ба саволҳо ҷавобҳои мушахас гардониданд.