Home ХАБАР БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСИИ РУС ДАР ТЕЛЕКОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-ТАЪЛИМӢ

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСИИ РУС ДАР ТЕЛЕКОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-ТАЪЛИМӢ

by admin
18 views
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия телеконференсияи байналмилалии илмӣ-таълимӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами забоншиносии рус» баргузор гардид, ки дар он ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок ва маърӯза намуданд.
Модератори ҳамоиш Евгения Александровна Аввакумова – дотсенти кафедраи забоншиносии умумӣ ва русӣ ва методикаи таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, мудири лабораторияи омӯзишию илмии «Забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ» буд. Вай дар мавзуи «Инкишофи саводнокии функсионалӣ дар донишҷӯён» маърӯза пешниҳод намуд. Дар маърӯзаи мазкур оид ба сабабҳои афзоиши таваҷҷуҳ ба рушди саводнокии функсионалӣ, таърифи ин падида ва мисолҳои мушаххаси такмили саводнокии функсионалӣ дар таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Ҳамчунин, дар ҳамоиш номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти донишгоҳ Дилором Ҷумаева бо маърӯзаи «Ташкили мунтазами кор бо матн барои омӯзгорони ояндаи забони русӣ дар Тоҷикистон» суханронӣ кард.
Дар минбари мубоҳисавӣ донишҷӯён, хатмкунандагон, омӯзгорони ҷавони забон ва адабиёти рус, устодон, магистрантону докторантон, инчунин намояндагон аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Донетск ба номи В. Шаталови Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Конфронс дар фазои илмӣ ва созанда баргузор гардида, иштирокчиён масъалаҳои мубрами забоншиносии русро баррасӣ намуда, таҷриба ва андешаҳои худро мубодила карданд.

Related Articles

Leave a Comment