Санаи 27.02.2025 дар кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Дар семинар дотсенти кафедра Холиқова Зайналбӣ дар мавзуи “Мавзуъ ва муҳтавои асосии ашъори шоирони доираи адабии Кӯлоб”, мудири кафедра, дотсент Шамшоди Ҷамшед дар мавзуи “Машварати назариявӣ оид ба тарзи дуруст истифода намудани адабиёт дар таҳқиқоти илмӣ” маърӯза намуданд.
Семинар дар фазои илмӣ ва муҳокимаронии озод баргузор шуда, иштирокдорон перомуни мавзуъҳои матраҳшуда баҳсу гуфтугӯ намуданд.