Home ХАБАР ИНТИХОБОТ – ҚАДАМИ УСТУВОР БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

ИНТИХОБОТ – ҚАДАМИ УСТУВОР БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

by admin
23 views
Таҳти ин унвон санаи 26-уми феврали соли 2025 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмии магистрантони факултет баргузор гардид.
Дар ҳамош декани факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Каримҷонзода Мануҷеҳр, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи сиёсатшиносӣ Назарзода Пиралӣ, устодон ва магистрантон иштирок доштанд.
Ҳамоиши илмиро ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, дотсент Файзов Рамазон ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ таъкид дошт, ки интихобот василаи муҳими пайваст кардани иродаи мардум бо ҳадафҳои миллӣ мебошад. Дар ин замина, ҷавонон бояд аз ҳамаи имкониятҳои пешниҳодшуда истифода бурда, фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар саҳмгузор бошанд.
Сипас, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Назарзода Пиралӣ дар мавзуи «Аҳамияти баргузории интихобот дар ҳаёти сиёсии шаҳрвандон» баромад намуд. Зимни баромади худ қайд намуд, ки интихоб озоду шаффоф баргузор мегардад ва ҳама шаҳрвандон имкони истифода аз ҳуқуқи интихоботии худро доранд. Раванди овоздиҳӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифта, барои ҳамаи номзадҳо шароити баробар муҳайё хоҳад шуд. Комиссияҳои интихоботӣ назорати ҷараёни раъйдиҳиро таъмин намуда, ҳамаи марҳилаҳо бо иштироки нозирони мустақил ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ мегарданд.
Ҳачунин дар идомаи щамоиш магистрантон бо маърӯза баромад намуда доир ба масъалаи мавриди назар ибрози андеша намуданд.

Related Articles

Leave a Comment