Санаи 26.02.2024 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ Зардаков Абдурасул дар мавзуи “Қувва ва зӯрӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ” дар гурӯҳи таълимии 305-и ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ бо иштироки устодони кафедра баргузор гардид.
Муаллим Зардаков Абдурасул дарсро тибқи талаботи мактаби олӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки қувва ва зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ мафҳумҳое мебошанд, ки бо нақши ҳокимият, нуфуз ва истифодабарии қувваи низомӣ ё иқтисодӣ барои ҳалли баҳсҳои байналмилалӣ алоқаманданд.
Дар анҷоми дарс устод ба донишҷӯён саволҳои таҳлилӣ пешниҳод намуда, муҳокимаи фаъолона сурат гирифт. Донишҷӯён андешаҳои худро баён намуда, ба саволҳо посухҳои мушаххас доданд.
Дарси намунавӣ бо муҳити илмӣ, баҳсу мунозира ва баррасии амиқи мавзӯъ ҷамъбаст гардид.