Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МИНБАРИ ҲУҚУҚШИНОС”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МИНБАРИ ҲУҚУҚШИНОС”

by admin
13 views
Санаи 25-уми феврали соли равон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “МИНБАРИ ҲУҚУҚШИНОС”-и назди кафедраи ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон, муовини декан оид ба илм ва инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Файзов Рамазон ва ҳайати дигари омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, роҳбари маҳфил, ассистенти кафедра Эмомов Сулаймон маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, доир ба рафти маҳфил ва пешбурди кори он суханронӣ намуд.
Дар идома Турақулова Роҳила, донишҷӯи қурси 2-юми факултет дар мавзуи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза ироа намуд. Донишҷӯ қайд намуд ки хидмати давлатӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ ҳамчун яке аз намудҳои хидмати оммавӣ ба шумор меравад ва дар илми ҳуқуқи идоракунии ватанӣ мафҳуми нави оммавию ҳуқуқӣ буда, дорои мазмуни гуногун мебошад, ки он баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.
Баъдан, маърӯзаи Амрохонзода Ҳадиябону, донишҷӯи курси 3-юми факултет дар мавзуи “Пайдоиш ва инкишофи бонкҳо ва низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.
Зикр гардид, ки фаъолияти бонкӣ як намуди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, ки амалгардонии амалиётҳои бонкиро дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеӣ, инчунин хизматрасонии ташкилотҳои қарзиро бо роҳи бастани шартномаҳои бонкӣ дар шакли пешбиникардаи қонун дар бар мегирад.
Дар рафти баргузории маҳфил аъзоён фаъолона иштирок намуда, доир ба маърӯзаҳои баррасишуда ибрози андеша намуданд.

Related Articles

Leave a Comment