Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

by admin
20 views
Дар таърихи 26.02.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Забоншинос ва методисти ҷавон”-и назди кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон бо иштироки мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидзода Муҳаммад, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, роҳбари маҳфил Одинаева Ҳуснигул, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни аъзои маҳфил гузаронида шуд.
Дар маҳфил Мафтунаи Сафархон — донишҷӯи курси дуюми ихтисоси забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ дар мавзуи “Ибора ва хелҳои он” ва Убайдуллоева Ф. — донишҷӯи курси якуми факултет дар мавзуи “Семантикаи калимаҳои иқтибосии арабӣ дар ашъори Соиби Табрезӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Маҳфил бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён ба охир расид.

Related Articles

Leave a Comment