Home ХАБАР МИЗИ МУДАВВАР: ТАШККУЛИ ҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ, ТАҲЛИЛ ВА АУДИТ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНИИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲО

МИЗИ МУДАВВАР: ТАШККУЛИ ҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ, ТАҲЛИЛ ВА АУДИТ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНИИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲО

by admin
13 views
Имрӯз (25.02.2025) дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит мизи мудаввар дар мавзуи «Ташккули ҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити рақамикунонии ҳисоббаробаркуниҳо» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Куганов Неъматулло ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Нахуст, декани факултет дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ суханронӣ намуда иброз доштанд, ки мавзуи интихобшуда хеле муҳим ва актуалӣ мебошад, зеро рақамикунонии ҳисоббаробаркуниҳо ба такмили низоми муҳосибӣ, таҳлил ва аудит мусоидат мекунад.
Дар шароити рақамикунонӣ, ҳисобгирии муҳосибӣ на танҳо воситаи сабти амалиётҳои молиявӣ мебошад, балки бо истифода аз технологияҳои муосир ба як воситаи таҳлил ва банақшагирии стратегӣ табдил меёбад.
Дар идома муаллимони калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Давлатов Гулаҳмад дар мавзуи “Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва рушди он дар партави Паёми Пешвои миллат”, Моҳираи Ҷурахон дар мавзуи “Ҳисобгирии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ”, Хидиров Фарҳод дар мавзуи “Татбиқи пардохтҳои ғайринақдӣ дар хизматрасониҳои нақиётӣ” ва ассистенти кафедраи мазкур Давлаталӣ Абдусаломзода дар мавзуи “Консепсияҳои иқтисодиёти рақамӣ ва ҳадафҳои он” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои фаъол идома ёфт, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯён фикру андешаҳои худро оид ба рушди муҳосибии рақамӣ иброз доштанд.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки гузариш ба муҳосибии рақамӣ на танҳо талаботи замон, балки воситаи муҳими баланд бардоштани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва амнияти молиявӣ мебошад.

Related Articles

Leave a Comment