Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ “АДАБИЁТШИНОС”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ “АДАБИЁТШИНОС”

by admin
13 views
Санаи 24.02.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмӣ-эҷодии “Адабиётшинос”-и назди кафедраи адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Дар маҳфил доктори илмҳои филологӣ, профессор Ашурова Нодира, роҳбари маҳфил, ассистенти кафедра Гиёева Тахмина ва ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст роҳбари маҳфил Гиёева Тахмина суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз бахшиданд ва аз мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот дода, оид ба пешбурди кори маҳфил ибрози андеша карданд.
Сипас, Шоқурбонова Нозанин — донишҷӯи курси панҷуми факултет дар мавзуи “Ҷойгоҳи модар дар ашъори Хайрандеш» ва Мафтунаи Сафархон — донишҷӯи курси дуюм дар мавзуи “Аҳамияти тарбиявии повести “Марги судхӯр”-и Садриддин Айнӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар бахши музокирот атрофи мавзуъҳои баррасишуда саволу ҷавоб доир гардид, ки дар он иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд.

Related Articles

Leave a Comment