Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

by admin
10 views
Санаи 21.02.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯйи кафедраи таҳлили математики ва назарияи функсияҳои факултети физика ва математика Амирализода Насрулло Неъматулло дар мавзуи “Методикаи истифодаи моделҳо дар ҳалли масъалаҳои геометрияи мактабӣ”, зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи математика ва методикаи таълими они донишгоҳ Сироҷиддини Давлаталӣ бо иштироки намояндагони раёсати илм ва инноватсия ва ҳайати устодону факултет баргузор гардид.
Дар рафти муҳокима доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сатторов Абдурасул, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ниёзов Ҷонмаҳммад баромад намуда, ҳусну кубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Амирализода Насрулло Неъматулло бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Амирализода Насрулло ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму таҳқиқ мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамояд.

Related Articles

Leave a Comment