Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарсҳои намунавиву кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқону омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ташкилу баргузор мегарданд. Ин навбат дар факултети физика ва математикаи донишгоҳ аз ҷониби муаллими калони кафедраи математика ва методикаи таълими он-Ҳусайнзода Руҳулло, дарси намунавӣ дар мавзуи “Ҳалли муодилаҳои ратситоналии роҳҳои ҳалашон гуногундошта” дар гурӯҳи таълимии 208-и ихтисоси биотехнологияи факултети химия ва биология бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра гузаронида шуд.
Ҳусайнзода Руҳулло дарсро бо маҳорати баланди муаллимӣ ва бо истифода аз методу услҳои фаъол шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс маълумоти муфассал ироа намуда, қайд намуд, ки муодилаҳои ратсионалӣ (касрӣ) ин гуна муодилаҳое мебошанд, ки дар онҳо тағйирёбанда (одатан x) дар маҳраҷи ифода ҷойгир аст. Барои ҳал кардани чунин муодилаҳо, бояд бодиққат амал кунем, зеро дар онҳо маҳдудиятҳои муайян вуҷуд доранд, ки метавонанд баъзе қиматҳои x-ро ғайриқонунӣ гардонанд.
Муаллим дарсро бо суолу ҷавоб ҳамроҳи донишҷӯён ва мустаҳкамнамоии паҳлуҳои мавзуъ ба охир расонид.