Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ ТАРБИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ ТАРБИЯВӢ

by admin
14 views
21 феврали соли 2025 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он Абдуҷаббори Сафаралӣ дар гурӯҳи таълимии 204-и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ. Ихтисоси иловагӣ бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “23-феврал Рӯзи таъсисёбии Артиши Миллӣ” дарси тарбиявӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра баргузор гардид.
Дарс бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои донишҷӯён оғоз гардид.
Сипас, муаллим Абдуҷаббори Сафаралӣ суханронӣ намуда, қайд карданд: Яке аз масъалаҳои муҳими даврони истиқлолият ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар буд. 18 декабри соли 1992 бо имзои Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуд. Ин санад заминаи ҳуқуқии таъсиси Артиши Миллиро фароҳам овард. Дар як муддати кутоҳ, бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат, Артиши Миллӣ таъсис ёфт ва аввалин намоиши низомии он 23 феврали соли 1993 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Аз ҳамон вақт, 23 феврал расман ҳамчун Рӯзи Артиши Миллӣ таҷлил карда мешавад.
Дар идомаи дарс аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ маърӯзаҳо вобаста ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қироати шеъру таронаҳои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардид.
Дар интиҳои дарс иштирокчиён изҳори андеша намуда, дарси муаллимро хуб арзёбӣ карданд.

Related Articles

Leave a Comment