Имрӯз (20.02.2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ” бахшида ба 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, номзади илмҳои филологӣ Саидзода Муҳаммад, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, ҷонишини декан оид ба тарбия Насимҷони Саидаъзам ва ҳайати омӯзгорон, магистрантон ва докторанти PhD иштирок доштанд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии декани факултет Зулфиев Гадомад оғоз гардид. Зимни баромад қайд намуданд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ дорои таърихи қадима буда, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат таҳкими бештар пайдо кардааст. Инкишофи забони давлатӣ омили муҳими ҳифзи асолати миллӣ ва пояи устувори ваҳдати ҷомеа мебошад.
Дар идома муаллимони калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Тоиров Шермуҳаммад дар мавзуи “Андешаҳои академик Бобоҷон Ғафуров дар бораи забони тоҷикӣ ҳамчун ҷузъи муҳими оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ”, Алиева Бахтиниссо дар мавзуи “Забон рукни асосии миллат” ва Қаюмова Мубина дар мавзуи “Истиқлолият ва масъалаҳои рушди забони давлатӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун як унсури муҳими худшиносии миллӣ бояд ҳамеша таҳким ёбад ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мақоми шоиста дошта бошад. Инчунин таъкид намуданд, ки нақши Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ ниҳоят бузург аст ва сиёсати забонӣ бояд минбаъд низ бо таҳкими мақоми он дар илм, фарҳанг ва техника идома ёбад.