Home ХАБАР ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “МАГИСТРАНТИ СОЛ” МУАЙЯН ГАРДИД

ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “МАГИСТРАНТИ СОЛ” МУАЙЯН ГАРДИД

by admin
9 views
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати таъмини иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2025, таҳти № 07(47)04-32 доир ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Магистранти сол” даври факултетӣ ва донишгоҳии озмуни мазкур дар миёни магистрантони 10 факултети Донишгоҳ тибқи муқаррарот ва талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ кумитаи тадорукот, ҳайати комиссия ва ҷадвали баргузории озмун дар факултетҳо тасдиқ гардида, дар даври факултетӣ 116 нафар магистрант иштирок намуданд. Озмунро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Худойдодова Шарофат, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ, дотсент Гуламадшоев Шокиршо ва сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, номзади илмҳои педагогӣ Қурбонова Умеда доварӣ намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раёсати Донишгоҳ ва корбарии шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ миёни магистрантони факултетҳои донишгоҳ бо мақсади ба ҳам овардани магистрантон, дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор, роҳ надодан ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ ва омилҳои номатлуб, ки ба зеҳни магистрантон таъсири манфӣ доранд, ташаккули афкори солим, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таҳкими эхсоси худшиносию меҳанпарастӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими зеҳни миллии ҷавонон, равона намудани онҳо ба илмомӯзӣ, бедор намудани завқи китобхонӣ ва илмдӯстӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, ахлоқӣ ва ҳозирҷавобӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими захираи луғавӣ, фаъолгардонии раванди забондонӣ, беҳтар намудани раванди таълим, такмили фаъолияти таълимии магистрантон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти илмӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ гузаронида шуд.
Озмун тибқи талаботи Низомнома аз рӯйи бахшҳои навиштани кори хатӣ, баҳогузории пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ, мақолаҳои илмии магистрант, сӯҳбат дар шакли саволу ҷавоб вобаста ба мавзуъҳои ихтисосӣ, масъалаҳои муқовимат бо ақидаҳои ифротӣ ва омилҳои номатлуб, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ, эҳсоси масъуляти шаҳрвандӣ, забондонӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар баргузор гардид.
Тибқи хулосаи комиссияаз 116 нафар иштирокчии даври факултетӣ 8 нафар беҳтаринҳо ба даври донишгоҳӣ роҳхат ёфтанд. Ҳамчунин 20-уми феврал тибқи нақшаи баргузорӣ даври донишгоҳии озмуни “Магистранти сол” баргузор гардида, 8 нафар магистрант миёни ҳам сабқат намуданд. Тибқи хулосаи комиссия Сафарзода Сироҷиддин-магистранти соли якуми факултети филологияи хориҷӣ ғолиб гардида, ғолиби ин марҳила ҷиҳати иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ пешбарӣ карда мешавад.

Related Articles

Leave a Comment