Бо чунин шиор санаи 20 феврали соли 2025 дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ бо интихобкунандагони шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб 37 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Хушвахтов Исмон, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва Ҳамидиён Орзу, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб 37 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Хушвахтов Исмон ба сухан баромада, номзадҳои пешбаригардидаро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, доир ба масоили марбут ба раванди интихобот ва муқаррароти конститутсионӣ ибрози андеша намуд.
Дар идома, баромадкунандагон зимни муаррифии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз намуданд, ки ҳадафи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, дар баробари дигар кафолати ҳуқуқу озодиҳои асосӣ, таъмин ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон дар интихобот ва иштирок дар корҳои давлатӣ низ мебошад. Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 марти соли 2025 интихобот дар саросари кишварамон баргузор мегардад. Иштироки фаъолонаи ҳар як шахси худшиносу худогоҳ ва интихоби огоҳонаи онҳо омили муҳими суботи сиёсӣ ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардид, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистонро барои солҳои 2025–2030 пешбинӣ менамояд. Таҳким бахшидани давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва суботу амният муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятии мо дар ин марҳала маҳсуб меёбад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф карда, барои татбиқи моддаи якуми Конститутсия, ки барои ҳар як узви ҷомеа шароити арзанда ва инкишофи озодонаро муқаррар кардааст, талош меварзад. Суботи сиёсӣ аз рушди устувори иқтисоди миллӣ вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, таъмини рушди иқтисодиёт яке аз вазифаҳои муҳимтарини мо буда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти худро ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат равона месозад. Баробари амалӣ гардидани нақшаҳои пешбинишуда дар бахши иқтисод ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ афзалияти бештар касб менамояд.
Масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф ҳамчун самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ дар меҳвари сиёсати ҳизби мо қарор доранд.
Масъалаи фарҳанги миллӣ ва иттилоот дар фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми махсусро ишғол менамояд. Зеро фарҳанги миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти ҳар як халқ аст.
Гуфта шуд, ки Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон асоси воқеӣ ва таҷрибавӣ дошта, паҳлуҳои муҳимми ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро фаро мегирад. Татбиқи барномаи мазкур ба рушди рӯзафзуни иқтисоди кишвар ва пешрафту ободии ояндаи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Вохӯрӣ бо суолу ҷавоб ва пешниҳоду таклифҳои интихобкунандагон ба анҷом расид.