Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “СОҲИБКОР”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “СОҲИБКОР”

by admin
16 views
Таърихи 20.02.2025 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Соҳибкор”-и назди кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, дотсент Расулова Лутфия, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Назаров Муродалӣ, ҷонишини декан оид ба тарбия Гулов Рустам ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал мудири кафедра Назаров Муродалӣ баромад намуда, маҳфилро оғоз намуданд.
Сипас, Қосимзода Умеда, донишҷӯи курси 4-уми факултети иқтисод ва идора дар мавзуи “Таъмини бехатарии озуқаворӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёти миллӣ” ва Давлатов Шаҳбоз, донишҷӯи курси 3-юм дар мавзуи “Иқтисоди сабз ва рушди устувори соҳаи озуқаворӣ” баромад намуданд.
Маҳфил бо мубодилаи афкор миёни омӯзгорон ва донишҷӯён ба охир расид.

Related Articles

Leave a Comment