Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАЁМ ВА МАРҲИЛАҲОИ НАВИ РУШДИ МАОРИФ

ПАЁМ ВА МАРҲИЛАҲОИ НАВИ РУШДИ МАОРИФ

by admin
41 views
Ҳамасола Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогир ба ҳама самтҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли мардуми кишвар ироа мегардад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлоли дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Нигоҳ накарда ба тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳонӣ кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон мардуми тоҷик ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон қайд намудаанд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Президенти маҳбуби кишвар дар Паёмашон ба масъалаҳои илму маориф сухан ронда қайд намудаанд, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.
Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Пешвои миллат дар Паёмашон қайд намудаанд зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.
Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Паёми Сарвари давлатро Паёми рушди иқтисодӣ номидан ба мақсад хело мувофиқ аст, зеро ҳамаи дастовардҳои соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва самтҳои ояндаи рушди онҳо, ки Пешвои миллат онҳоро баён намудаанд, дар маҷмӯъ ба рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.
Тоҷикистон бо тағйир додани маҷрои рушди иқтисоди миллӣ, барномаҳои нави давлатӣ, консепсияҳо, ки асоси онро Стратегияи Милли Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.
Абдулов Дилшод-ҷонишини декани факултети иқтисод ва идора оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment