Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

by admin
12 views
Санаи 18-уми феврали соли 2025 дар кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар муаллими калони кафедра Ибодова Мавзуна бо маърӯза дар мавзуи “Рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баромад намуда, тамоюлҳои асосии саноатикунонии кишвар ва стратегияи рушди ин бахшро баррасӣ кард.
Сипас, ассистенти кафедра Одинаев Иззатулло дар мавзуи “Омӯзиши таҷрибаҳои хориҷии рушди устувории минтақа” маърӯза намуда, моделҳои муваффақи иқтисодӣ ва таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро таҳлил намуд.
Дар қисми ҷамъбастӣ, миёни иштирокчиён мубоҳисаи илмӣ сурат гирифта, масъалаҳои муҳим ва роҳҳои татбиқи таҷрибаи пешқадам дар рушди иқтисоди миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Семинар бо хулосаҳои судманд ва тавсияҳои омӯзгорону муҳаққиқон ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment