Имрӯз (18.02.2025) дар кафедраи методикаи таълими информатикаи факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Дар семинар номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедра Ҳақназаров Толиб дар мавзуи “Хусусиятҳои омодасозии омӯзгорон барои истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар таҳсилоти рӯзона” ва ассистентони кафедра Ашурова Саодат дар мавзуи “Хусусиятҳои таълими фосилавии донишҷӯён дар муҳити таҳсилотӣ», Холиқов Амонулло дар мавзуи “Ташаккули салоҳияти касбии омӯзгорони ояндаи фанни информатика дар раванди таълим” ва Раҳимова Сарвиноз дар мавзуи “Татбиқи амсилаи иттилоотии омӯзгорони ояндаи фанни таърих дар низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.