Санаи 19.02.2025 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Информатикони ҷавон”, ки назди кафедраи методикаи таълими информатика фаъолият мекунад, баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи методикаи таълими информатика, дотсент Сафаров Сайтоҷиддин, муовини декан оид ба тарбия Ашурова Саодат, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Нахуст роҳбари маҳфил Суфиев Хайриддин суханронӣ намуда, оид ба ҳадаф ва фаъолияти маҳфил маълумот дод.
Сипас, донишҷӯи курси якуми ихтисоси таҳсилоти томактабии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг Ғаюрзода Меҳрона бо маърӯзаи худ дар мавзуи “Татбиқи технологияи чандрасонаӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” баромад намуд.
Дар қисми ҷамъбастӣ, миёни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, маҳфил бо баҳсу мулоҳизаҳои ҷолиб анҷом ёфт.