Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ АЗ ҶОНИБИ ТАҶРИБАОМӮЗОНИ ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ АЗ ҶОНИБИ ТАҶРИБАОМӮЗОНИ ДОНИШГОҲ

by admin
11 views
Санаи 19.02.2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси таҷрибаомӯзони ихтисоси химия-биология ва биология-экологияи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-амалии бахшида ба 1160-солагии бузургдошти мутафаккири барҷастаи форсу тоҷик Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо ҷалби хонандагони муассиса баргузор гардид.
Дар конфронс декани факултети химия ва биология, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исупов Дилшод, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Бобозода Бахтовар, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он, дотсент Холиқов Сафар, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он, дотсент Бобоев Бахтиёр, роҳбари таҷрибаомӯзони факултет Самариддини Абдулло, ҳайати омӯзгорони муассиса ва хонандагон иштирок доштанд.
Конференсияро декани факултет, дотсент Исупов Дилшод оғоз намуда, дар робита ба муҳимияти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва саҳми Закариёи Розӣ дар рушди илм ибрози назар намуд.
Дар идома, хонандаи синфи 10-ум Умарова Оламбӣ дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти мутафаккири форсу тоҷик Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ”, хонандаи синфи 11-ум Мирзоева Хайриннисо дар мавзуи “Осори гаронбаҳои Абубакри Розӣ” ва хонандаи синфи 9-ум Гадоева Фотима дар мавзуи “Саҳм ва мақоми Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар рушди илми тиб ва кимиё” бо роҳнамоии таҷрибаомӯзон маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар бахши дуюми конференсия хонандагони муассиса қиссаҳои химиявиро ироа намуданд. Ҳамзамон бо ёрии таҷрибаомӯзон, ки муддатест ҳамчун омӯзгор ба хонандагони муассиса дарс мегӯянд, таҷрибаҳои химиявӣ гузарониданд.
Дар қисмати хотимавӣ дотсент Холиқов Сафар суханронӣ намуда, аз иштироки фаъолонаи хонандагон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба кори таҷрибаомӯзон баҳои баланд дод.

Related Articles

Leave a Comment