Соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР), ки яке аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ буд, пош хӯрд. Роҳбари вақти ин кишвар Михаил Горбачёв истеъфо дода, роҳбари Русия Борис Елтсин истиқлолияти комили ҷумҳуриҳои собиқи шӯравиро эълон намуд. Ҳамин тариқ, ҷумҳуриҳои бародару дӯст, ки қаблан ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, яке паси дигар истиқлолияти худро ба расмият дароварда, ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) шомил шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ истиқлолияти худро эълон намуд. Аммо пас аз истиқлолият, вазъи кишвар ноором гардид. Аз аввали баҳори соли 1992 қувваҳои мухолиф бо шиорҳои зиддиконститутсионӣ мардумро ба корпартоӣ ва гирдиҳамоиҳои тӯлонӣ даъват мекарданд. Ин тазоҳурот бо дастгирии гурӯҳҳои ифротгарои хориҷӣ ва созмонҳои ғайридавлатии муайян ба муноқишаи мусаллаҳона табдил ёфт.
Дар натиҷа, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, ки сабаби нооромии бузург гардид. Давлат қариб фалаҷ шуда, мардум ба гуруснагӣ, қашшоқӣ ва бемориҳои хатарнок рӯ ба рӯ гаштанд. Дар чунин шароит, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон даъват карда шуд. Аз 230 вакил 197 нафар ширкат варзида, сарнавишти миллатро баррасӣ намуданд. Дар ин иҷлосия ҳайати нави роҳбарияти кишвар интихоб гардид ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ба ӯ вазифаи душвори барқарор кардани сулҳ ва оромӣ, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон вогузор гардид.
Сарвари давлат бо иродаи қавӣ ва сиёсати оқилона дар муддати кӯтоҳ ҷанги дохилиро хотима бахшида, суботу оромиро дар кишвар барқарор кард. Ҳангоми интихоб шуданаш ӯ чунин гуфта буд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам!».
Яке аз масъалаҳои муҳими даврони истиқлолият ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар буд. 18 декабри соли 1992 бо имзои Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуд. Ин санад заминаи ҳуқуқии таъсиси Артиши Миллиро фароҳам овард. Дар як муддати кӯтоҳ, бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат, Артиши Миллӣ таъсис ёфт ва аввалин намоиши низомии он 23 феврали соли 1993 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Аз ҳамон вақт, 23 феврал расман ҳамчун Рӯзи Артиши Миллӣ таҷлил карда мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон новобаста ба мушкилоти иқтисодӣ, барои мустаҳкам намудани нерӯи дифоии кишвар тадбирҳои муассир андешид. Артиши навтаъсис аз сифр сохта шуд. Ба ҷуз мушкилоти моддиву техникӣ, кишвар ҳамзамон камбуди мутахассисони низомӣ дошт. Дар ин замина, Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва аз баҳори соли 1993 даъвати аввалини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид.
Дар солҳои минбаъда, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон як қатор санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла Доктринаи ҳарбӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардиданд, ки сохтори Қувваҳои Мусаллаҳро муайян ва танзим намуданд.
Имрӯз, Артиши Миллии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлат хизмат намуда, қудрати мудофиавии кишварро таъмин менамояд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баромадҳои худ таъкид мекунад, ки мо Артиши Миллиро дар шароити ниҳоят вазнин бунёд кардем ва имрӯз он яке аз аркони асосии давлатдории мо ба шумор меравад.
Шукрона аз он мекунем, ки имрӯз Ватанамон соҳибистиқлол, орому осуда ва дар масири рушду тараққиёт қарор дорад. Дар тӯли зиёда аз 34 сол, бо роҳбарии бевоситаи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши Миллӣ ба яке аз нерӯҳои беҳтарини минтақа табдил ёфтааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол омода ва қавӣ мебошанд. Ҷаноби олӣ таъкид дошта буданд: «Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд».
Бинобар ин, Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки тарбияи хизматчиёни ҳарбӣ дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ, фароҳам овардани шароити хуби хизматӣ ва риояи қатъии тартиботи низомӣ аз муҳимтарин самтҳои сиёсати мудофиавии кишвар ба шумор меравад.
Имрӯз Артиши Миллӣ на танҳо нерӯи мудофиавӣ, балки рамзи ифтихор ва қудрати миллӣ мебошад.
Аз ин рӯ, мо – собиқадорон, падарон ва модарон – аз тамоми ҷавонони бонангу ватандӯсти кишвар даъват ба амал меорем, ки бо адои қарзи фарзандии худ, хизмати содиқона дар сафи Артиши Миллӣ, дар таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ саҳми сазовор гузоранд.
Ғафуров Қамар, собиқадор, иштирокчии барқарорсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон