Home ДАСТОВАРҲО ХУШХАБАР! ДИФОИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

ХУШХАБАР! ДИФОИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

by admin
15 views
Санаи 18.02.2025 Муродов Равшан Назриевич — муаллими калони кафедраи забони муосири руси факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ диссертатсияи илмии худро дар мавзуи «Обучение студентов-филологов терминологической лексике в аспекте профессионального общения» (Омӯзиши лексикаи терминологии донишҷӯёни филолог дар заминаи муоширати касбӣ), зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хоҷиматова Гулчеҳра Масаидовна, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 5.8.2 – Назария ва методикаи таълим ва тарбия (забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таҳсилоти олӣ) дар Шурои диссертатсионии 99.0.065.02 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва роҳбари илмияшро барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барору музаффариятҳои нав ба нав таманно менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment