Ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ
Эй Ватан, эй ҳамдами бекини ман,
Ҳомии хуштинату дерини ман.
Ҳастиям бодо фидои номи ту,
Эй Худои ҳастии ман, дини ман.
Аз канори ту агар берун шавам,
Хаставу бечораву дилхун шавам.
Бо ту бошам, хайр резад бар сарам,
Ҳар нафас доротар аз Қорун шавам.
Пеши дарду ранҷҳои ҷонгудоз,
Хам наёвардам сарам баҳри ниёз.
Чун ситеғи кӯҳи сангистони хеш
Бо ту ҳастам ҷовидона сарфароз.
Дил шавад эҳё зи ҳар анфоси ту
Метапад рӯзу шабон бар поси ту.
Хомаи ишқам нависад аз вафо
Ҷилдҳо шаҳномаи ихлоси ту.
Ҷойгоҳи бахти ман домони туст
Файзи умри некам аз эҳсони туст.
Меравам дар мазҳаби аҳду вафо
Мазҳабам ишқи балогардони туст.
Халқи ту бошад, ҷаҳонсози куҳан
Ин шукӯҳи туст дар ҳар анҷуман.
Пайкари ирфон зи меҳрат гарм шуд
Ёфт равнақ, миллати соҳибсухан.
Зиндаӣ, бо ҷони покат, эй Ватан!
Бо шукӯҳу файзи хокат, эй Ватан!
То ту монӣ ҷовидонӣ, мешавам
Марҳами ҳар захми чокат, эй Ватан!
