Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФИЗИКОНИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФИЗИКОНИ ҶАВОН”

by admin
8 views
Санаи 17.02.2025 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Физикони ҷавон” бо иштироки мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Акрамова Рухшона, номзади илмҳои физика-ва математика Шарипов Сафаралӣ ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст роҳбари маҳфил, номзади илмҳои физика ва математика Шарипов Сафаралӣ баромад намуда, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуд.
Сипас, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси физика ва математика Сайфуддинова Омина дар мавзуи “Майдони электрикӣ, қонунҳои ҷараёни доимӣ. Ҷараёни электрӣ дар муҳитҳои гуногун” маърӯзаи худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи аъзоёни маҳфил ба охир расид.

Related Articles

Leave a Comment