Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МО — ВАРЗИШГАРОН ПАРЧАМБАРДОРИ МИЛЛАТЕМ!

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МО — ВАРЗИШГАРОН ПАРЧАМБАРДОРИ МИЛЛАТЕМ!

by admin
9 views
Имрӯз (17.12.2025) дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Мо — варзишгарон парчамбардори миллатем!”-и назди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он бо иштироки роҳбари маҳфил, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст роҳбари маҳфил Бозоров Зиёвуддин оид ба пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуда, дар бораи мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил маълумот доданд.
Сипас, Айнидинзода Муҳаммад — донишҷӯи курси 5-ми факултет дар мавзуи “Психологияи фаъолияти мураббӣ” ва Мусозода Умарҷон — донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Таърихи пайдоиши бокс” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Дар охир миёни иштирокдорон ва баромадкунандагон оид ба мавзуъҳои зикргардида саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира баргузор гардид.

Related Articles

Leave a Comment