Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁ ВА ГИРОМИДОШТИ ҶАШНҲОИ МИЛЛИИ САДА ВА ТИРГОН

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁ ВА ГИРОМИДОШТИ ҶАШНҲОИ МИЛЛИИ САДА ВА ТИРГОН

by admin
79 views
Мувофиқи сарчашмаҳои муътамади таърихӣ халқи тоҷик яке аз халқҳои қадим дар Осиёи Марказӣ ва аз лиҳози офариниши ёдгориҳои моддиву маънавӣ ва фарҳангию ғоявӣ яке аз халқҳои мутамаддин дар ақсои олам ба ҳисоб меравад. Мутахассисон ва пажӯҳандагони саршиноси соири илмҳои таърих мутмаин бар он ақидаанд, ки ин мардум ҳанӯз дар ҳазораи шаши қабл аз мелод дорои фарҳанги шаҳрсозиву шаҳрнишинӣ, меъмориву кандакорӣ, гаҷкориву кулологарӣ, оҳангариву заргарӣ, кишоварзиву чорводорӣ буда, муҳимтар аз ҳама, дарки асрори муҳити иҳоташуда — замину саморо низ доштанд. Дар баробари дарки олами иҳоташаванда, ҳамчунин, назарияи фарзии шинохти офаридгорро ҳамчун қувваи бузурги идоракунандаи тамоми мавҷудоти зиндаи олам ва тамоми масъалаҳои рӯзгори фардиву гурӯҳии инсон доштанд. Пеш аз пайдо шудани оини зардуштӣ (маздаясно) аҷдодони мо ба мавҷудияти қувваҳои табиӣ ва ҷисмҳои осмонӣ, ки ба онҳо сифатҳои илоҳӣ дода шуда буданд, эътиқод доштанд. Онҳо аз худоҳои худ наметарсиданд, балки бо роҳи парастиш ба худ ёрӣ ва мадад металабиданд. Худои аввалини ориён осмони соф ва муҳити олам будааст ва ин маънӣ ва эътиқод бо гузашти вақт ва пешрафти олами моддӣ бо “Воруна” – осмон табдил ёфт. Ба ин калимаи таркибӣ — тавсифии “асура” ё “аҳура” ҳамроҳ карда шуд, ки маънояш “бузург ва валинеъмат” аст. Ба калимаи “Воруна” гоҳо калимаи “виҷва ведас”-ро, ки маънояш “ҳамадон” аст, илова кардаанд. Офтобро бошад, чашми “Воруна” мешумориданд. Оташи шакли барқ (раъду барқ)-ро писари ӯ ва ситораҳоро ҷомаи пурнақшу нигори подшоҳии он тасаввур мекарданд. “Воруна” дар китоби муқаддаси динии ҳиндӣ “Риг ведо” ҳамчун қувваи ба тартиб дароварандаи интизоми моддӣ ва маънавии олам маънидод шудааст. Вай бо нурҳои вуҷуди худ сирҳои торикии оламро равшан мекунад. Аз ин хислатҳо маълум мешавад, ки “Воруна” ҳам мисли “Митра” (Меҳр, Офтоб) аз худои табиат будан болотар баромада, аҳамияти иҷтимоӣ ва илоҳӣ касб кардааст. Аз рӯйи гуфтаи олими шарқшиноси аврупоӣ Мийя маънои “Воруна” ба мафҳуми қонун наздик будааст. Ба ҳамин тариқ “Митра” ва “Воруна” дар ақидаи аҷдодони қидими мо ҷуфти худоҳои неканд.
Дар қатори ин боварҳо худои оташ бо номи “Одирвон” низ вуҷуд дорад ва яке аз номҳои барқ (тундар) аст. Онро писари “Осура” ва “Воруна” мешуморанд, ки аз осмон ҳамчун худои оташ фуруд омадааст. “Адри” (ҳоло озар) дар забони санскрит ба маънои “шуъла” омадааст. Дар бораи оташ сурудҳо эҷод шудаанд. “Адри” сифати худои оташ аст.
Ғайр аз инҳо, боз тасаввуроти зиёде ҳастанд, ки бо табиатпарастии халқҳои ориёӣ алоқаманданд. Масалан, абрҳои боранда дӯсти инсон шуморида шудаанд. Онҳо занони “Асура” модари барқ мебошанд. Онҳо кашонандаи бори гарони обҳои муқаддас ба ҳар тарафанд. Абрҳоро аз ҷиҳати гурӯҳ-гурӯҳ шуда гаштан ва борон додан ба говҳои ширдор ва подаи говон, ҳамчунин, ба духтарон ва занон ташбеҳ медоданд. Бо инкишоф ва тараққиёти сохти ҷамъият, пешрафти шуури иҷтимоӣ ва ташаккулу таҳаввули ақидаҳои динӣ дар шинохти Худованд ин боварҳо тадриҷан ба анъана ва маданияти мардумони қадими ориёӣ мубаддал гардиданд. Бо ҳамин боварҳо аҷдодони мо дар аҳди бостон бо табиат иртиботи қавӣ барқарор намуда, ба як навъе донишҳои аввалини табиатшиносиву дарки олами ҳастиро ҳосил мекарданд, ки ин фаҳмишҳои ибтидоӣ сарчашмаи кашфиёти бузурги насли баъдии инсон нисбати муҳити атроф ва коинот гардид.
Бо пайдоиши аввалин давлатҳои феодалӣ ва зуҳури дини Зардуштӣ ва тавсеаи китоби “Авасто” фаҳмиш ва ҷаҳонбинии аҷдодони мо нисбат ба Худои ягона ва қудрату тавоноии он мукаммал гардида, бовар ва эътиқодҳои пешин ҳамчун як шакли ибтидоии шуури инсони қадим дар шинохти ҳақиқат ва табиат ҷиҳати сохтан ва ба вуҷуд овардани идеологияи ягонаи давлатдориву миллатсозӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифт. Баъд аз шаклгирии аввалин давлатҳои қадимаи ориёӣ ба монанди Пешдодиёну Каёниён ва Ҳахоманишиҳо ҳамаи ин бовариҳову эътиқоди қадимӣ дар шакли ҷашну маросим чун Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада тағйири мазмуну шакл карда, ба василаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва шодиву нишоти мардумон табдил ёфтанд. Подшоҳони пешдодиву каёнӣ, ҳахоманишиву сосонӣ ва сомонӣ чун ниёкони ҳушманду ботадбири худ ҳар кадом ин ҷашнҳоро гиромӣ доштанд ва то тавонистанд ҷиҳати дар сатҳи заруриву шоиста таҷлили онҳо тадбирҳои сиёсиву амалӣ андешиданд. Маҳз арҷгузорӣ ва гиромидошти пешвоёни ҳамин сулолаҳои подшоҳони гузашта буд, ки расму оинҳои накӯи аҷдодӣ мондагор ва ҳамчунин азизу муътабар то ба замони мо омада расиданд. Ҷашнҳои номбаршуда аз азал то кунун бозгӯи робитаи мустақиму оқилонаи пешиниёни мо бо табиат, алалхусус, бо коинот маҳсуб меёбад. Зеро, агар бо диққат таваҷҷуҳ намоем, ҳар як ҷашн ва ид ҷанбаи дақиқи астраномӣ ва илмӣ дорад, ки ба пешрафти кори хоҷагии инсони пешин сахт марбут мебошад. Чуноне ки мо медонем, тараққиёти давлатҳои ғуломдорӣ ва аввалини давлатҳои феодалӣ ва зиндагии осоиштаи мардумонаш, пеш аз ҳама аз рушди бомароми зироаткорӣ ва чорводорӣ вобаста буд. Пас, гиромидошти об – борон рамзи асосии ҷашни Тиргон, оташ — гармӣ, рамзи меҳварии ҷашни Сада ҳисобида шуда, парастиш ва ситоиш ин ду унсури ҳаётан муҳим дар аҳди бостон ва дар мафкураи инсони қадим на ин ки куркурона, балки хеле мантиқӣ ва прогресивӣ арзёбӣ мегардад. Чаро ки, обу оташ аз азал то кунун асоси ҳастии олам ва воситаи афзалиятноки пешрафти ҳамаҷонибаи рӯзгори моддиву маишии инсоният маҳсуб меёбад. Санаи 11.02.2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ворид гардида буд ва Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд. Тибқи он ҳар сол 1 июл Иди Тиргон ҷашн гирифта мешавад. Тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонуни мазкур ҷиҳати ба таври шоиста муаррифиву ҷашнгирии он тасмими ҳакимона мебошад.
Дар хусуси пайдоиши ҷашни Тиргон ду ривоят дар кутуби муаррихону донишварон сабт гардидааст. Нахуст, мардум ба ин бовар Тиргонро ҷашн мегирифтанд, ки дар ин рӯз “Тиштар”- фариштаи борон бо “Апуш”- деви хушксолӣ набард мекунад ва бо ёрии Аҳуро ба ин дев пирӯз мешавад. Ва мардум солгарди ин пирӯзиро ҳар сол ҷашн мегирифтанд. Боварии дувум дар миёни мардум ин будааст, ки солҳои тӯлонӣ миёни Афросиёб- шоҳи Турон ва Манучеҳр- шоҳи Эрон ҷанг будааст ва ин ҷанг мардумро дилгиру афгор карда, дар ин миён Ораши камонгир, ки ҳамчун паҳлавону далеру ғаюр дар он замон дар сарзамини Эрон маъруфу машҳур будааст, барои хатми ҷанг болои кӯҳи Давоман мебарояд ва барои марзи Турону Эронро муайян кардан бо камон тир партоб мекунад. Чи гунае, ки дар ривоятҳо омадааст, Ораш бо тамоми нерӯ камонро гирифта, тирро партоб мекунад, ки худ пора-пора мешавад ва тир омада дар соҳили дарёи Ҷайҳун қарор мегирад ва марзи Эрону Турон аз рӯйи ин нишона ҷудо мегардад. Мардум барои ин амали накӯи Ораш ин рӯзро ҷашн мегиранд.
Дар баргузории ин ҷашни бостонӣ оинҳои махсус низ иҷро мешавад, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба “Обпошӣ, “Фоли кӯза”, “Дастбанди тиру бод” ва хурдани меваю гандуми пухта ишора кард.
Барои мардуми ориёитабор об муқаддас ва барои покиза нигаҳдоштанаш маконҳои махсусу гуфторҳои таъкидӣ, ки обро покиза бояд нигаҳ дошт, дар об ҳар ифлосиро набояд андохт, обро исроф накун ва амсоли инҳо суханону гуфторҳо ҳаст, ки гувоҳӣ ба муқаддас будани об дар миёни мардуми ориёӣ мебошад. Чунончи, дар адабиёти пурғановати мо дар хусуси покиза нигаҳдоштани об зиёд шеъру достонҳо гуфта шудааст, ба мисол:
Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.
Дар гузашта ниёкони тоҷикон чор унсурро муқаддасоти зиндагӣ медонистанд, ки онҳо, обу хок ва оташу ҳаво будааст ва аз ин бар меояд, ки ҷашни Тиргон аз ин пиндору кирдор сарчашма мегирад. Мардум ҷашни Тиргонро бо далели оинҳои болозикр бо номҳои “Обрезгон” ва “Обпошон” низ ном бурдаву таҷлил мекарданд. Оини “Обпошон” ба ҳамдигар обпошидан буда, орзуи борон боридан ва дурӣ аз хушксолиро ифода мекунад.
Оини дигаре, ки дар ин ҷашн иҷро мешавад, “Фоли кӯза” буд. Рӯзи пеш аз ҷашн барои баргузории ин оин, духтаре интихоб мешуд, ки кӯзаи сабзранги даҳонаш кушодаро аз оби чашмаи зулол пур карда, дастмоли абрешимӣ рӯи он меандохтанд ва назди касоне мебурданд, ки орзу ё нияте дар дили худ доштанд. Онҳо низ чизи кучаке аз қабили ангуштар, сикка ва амсоли инҳоро дохили куза меандохтанд ва он духтар дар ниҳоят кузаро зери дарахти ҳамешасабз мебараду мегузорад. Сипас дар рӯзи ҷашн кузаро аз зери дарахт ба миёни ҷамъ гузошта, пиронсолон бо садои баланд шеърхонӣ мекунанд. Дар анҷоми ҳар шеърхонӣ он духтар яке аз он чизҳое, ки дохили куза партофта буданд, берун меорад ва соҳиби чиз ба мазмуни шеър, ки ба нияти ӯ ҳамсон аст, тахмин мезанад, ки хостаи ӯ бароварда карда шудааст. Ин амал фолест, ки дар дигар ҷашнҳои миллӣ низ ба тарзу навъи дигар анҷом дода мешавад.
Оини “Дастбанди тиру бод” бошад, дар ин ҷашн чунин иҷро мегардид, дар он мардум дар оғози ҷашн, баъд аз хӯрдани ширинӣ, дастбанде, ки тиру бод ном дошт ва аз ҳафт таноби бо ҳафт ранги гуногун бофта шударо ба дасти худ мебастанд ва нуҳ рӯз баъд ба ҷойи баландӣ мерафтанд ва онро ба дасти бод месупурданд ва ба ҳамроҳии он орзуҳои хешро ҳам талаб мекарданд.
Хӯрдани мева ва гандуми пухта аз дигар расмҳои ин оин будааст, ки ин расмро Абурайҳони Берунӣ низ дар китоби “Осор-ул-боқия”-и худ ёд карда, навиштааст, ки ҷиҳати гиромидошти ранҷҳои Манучеҳр дар ҷанги бо Афросиёб, мардум либоси кишоварзонро бар тан карда ва маҳсулотро ба сурати мева ва гандуми пухта масраф мекарданд.
Аз ин бар меояд, ки таҷлили ҷашни Тиргон дар гузашта ва имрӯз низ, пеш аз ҳама, омили иттиҳоду сарҷамъӣ, хӯшиву некандешӣ, дӯстиву рафоқат, зебопарастиву нафосат, ҳаётдӯстиву накӯкорӣ, суханвариву сухансанҷӣ ва гиромидошти неъматҳои табиат ва дастранҷи марди деҳқон маҳсуб меёбад. Аз тарафи дигар, ҷашнҳои Сада ва Тиргон хусусияти илмӣ дошта, донишҳои аввалини заминшиносӣ, кишоварзӣ ва муносибат ба зироаткориву парвариши рустаниҳои манфиатовари хоҷагии халқи инсони қадимро дар бар мегирад. Яъне, дар ҷашни Сада, ки панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз қабл аз омадани ҷашни Наврӯз таҷлил мегардид, мардумон, пеш аз ҳама, ба омода кардани замини кишт ба воситаи яхобмонӣ ва таҳияи тухмии хушсифати зироатҳо машғул мешуданд ва бо афрӯхтани гулхани фурӯзони оташ дар дили зимистон як навъ муборизаи нуру гармӣ алайҳи зулмоту сардӣ шуруъ мегардид. Аз он ба баъд, дилгармии мардум ба фардои дурахшон, ба омадани баҳору Наврӯзи фаррухпай оғоз гардида, тараддуду омодагиҳо ба истиқболи рӯзи нав идома меёфт. Пас аз анҷоми фасли баҳор ва гузашти тантанаҳои наврӯзӣ табиат тадриҷан тағйир ёфта, ҳаво аз ҳарорати муътадили баҳорӣ ба гармои тобистон таҷзия мегардад ва бо омадани фасли тобистон рустаниҳои табиӣ ва хосса, зироатҳои кишткардаи марди деҳқон ба обу борон эҳтиёҷ пайдо мекарданд, ки ин мавсим ба анҷоми моҳи аввали тобистон ва оғози моҳи дуюми тобистон – мувофиқи тақвими Эрони бостон дар 13-уми моҳи Тир (тақрибан 2-4 июл) рост меомад ва дар ин марҳила ҷашни Тиргон бо ниёзи обталабӣ аз Офаридгор таҷлил карда мешуд. Дар китоби «Тоҷикон» академик Бобоҷон Ғафуров ҷашни Тиргонро ҳамчун яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми форс-тоҷик зикр мекунад. Мавсуф таъкид менамояд, ки ин ҷашн бо расму оинҳои хос, аз ҷумла пошидани об ба якдигар, ки рамзи покӣ ва фаровонӣ мебошад, қайд карда мешуд. Бо вуҷуди тағйироти таърихӣ ва фарҳангӣ, баъзе аз унсурҳои ҷашни Тиргон то имрӯз дар байни мардуми тоҷик ба монанди ашаглон, рақсу суруд, ба бар намудани либоси ороставу пероста дар ҷашнҳо, шодиву нишот, авфи гуноҳои якдигар, тозаву озода намудани манзил ва маҳалли зист боқӣ мондаанд, ки ин аз пойдории анъанаҳои накӯи миллӣ шаҳодат медиҳад.
Пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва барқарории сулҳу суботи комил дар саросари кишвари аҷдодӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон ҳамчун вориси лоиқу бахтиёри аҷдоди тамаддунофари хеш ҷиҳати эҳёи дубораи ҷашну маросимҳои қадимии ориёни бостон камари ҳиммат баста, ба оламиён нишон доданд, ки халқи тоҷик, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон идомадиҳанди анъанаҳои неки гузаштагони баруманди хеш чун хонадони Ҳахоманишиҳову Сосониён ва Сомониён мебошанд.
Дар марҳилаи кунунии ҷаҳони муосир, ки вазъ ва авзои он пешгӯинашаванда арзёбӣ мегардад, тасмимҳои миллатсозонаву фарҳангпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон, хосса, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати рӯй овардан ба таъриху маданияти аҷдодӣ ва зинда нигоҳ доштани онҳову пайравӣ ба оини шоистаи он, амали басо шоиста ва саривақтист. Зеро, таърих ва таҷрибаи талхи баъзе аз давлатҳои абарқудрат дар шароити кунунӣ нишон дод, ки он миллате побарҷо ва он давлате устувор боқӣ мемонад, ки мардумонаш дар атрофи ғояи мустаҳкаму асосноки давлати миллӣ содиқу вафодор боқӣ мемонанд.
Аз ин лиҳоз, таҷлил ва дар сатҳи давлативу байналмилалӣ муаррифӣ намудани расму оин, махсусан ҷашнҳои миллии аҷдодӣ кафили якпорчагии ватани маҳбубу муқаддаси мо буда, аз тарафи дигар омили муттаҳидиву сарҷамъӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, хӯшиву хуррамӣ ва мояи ифтихри миллии ҳар фарди солимфикру соҳибирода мебошад.
Зулфиев Г.Н., номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment